Ӯзбекҳо тоҷикбачаро бо туҳмат суд мекунанд?

Рустам Бобоев, намояндаи сафоратхонаи Узбекистон дар шаҳри Волгогради Русия ба хабарнигорон итиллоъ додааст, ки санаи 25-уми август шаҳрванди Тоҷикистон Сомон Аминзода аз рӯйи нафрату бадбинӣ аз ошёнаи 7-ум ба сари Ҷасур Отабекови ӯзбек хишти хом ҳаво дода, боиси марги номбурда гаштааст, аммо худи Сомон дар ин ҳодиса даст доштанашро эътироф накарда, гуфтааст, ки ин кори дасти чанд ҷавони ӯзбекзабон аст, ки дар паҳлӯяш кор мекунанд ва онҳо мехоҳанд ӯро бо туҳмат равонаи зиндон намоянд. Дар рафти корҳои оперативии ҷустуҷӯӣ маълум шуд, ки дар хишти ба сари Ҷасур Отабеков афтида изи дасти Сомон Аминзода нест ва он тасодуфан ба сари ин ҷавони ӯзбек афтидааст. Шоҳидони ҳодиса низ тасдиқ намудаанд, ки вақти сар задани ин ҳодисаи нохуш Сомон Аминзода дар ошёнаи дигар буд ва ӯ дар афтидани хишти хом ба сари Ҷасур Отабекови ӯзбек даст надорад. Тафтишот бегуноҳии тоҷикбачаро исбот карда  бошад ҳам, пайвандони Ҷасур Отабеков ҳанӯз иддао доранд, ки маҳз Сомон хиштро бо пояш ба сӯи бародарашон ҳаво дода, боиси марги ӯ гаштааст. Акнун суд ҳодисаи мазкурро баррасӣ намуда, тақдири Сомон Аминзодаро ҳал хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *