Ӯзбекистон 170 муҳоҷирашро бармегардонад
170 ӯзбекистоние, ки дар Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Москва қарор доранд, аз ҳисоби Бунёди пуштибонӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони Ӯзбекистон ба ин кишвар баргардонида мешаванд.
Дар ин бора Вазорати шуғли аҳолӣ ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон хабар дод.
Ҳайати Ӯзбекистон бо роҳбарии муовини аввали вазир рӯзи 31 октябр ба Маркази нигаҳдории муваққатӣ рафтааст.
«Ҳайати Ӯзбекистон бо муҳоҷирон гуфтугӯ карда, бо шароити нигаҳдории онҳо ошно шудааст. Шаҳрвандон огоҳ карда шуданд, ки ба кишвар баргардонида хоҳанд шуд», — омадааст дар хабари вазорати меҳнати Ӯзбекистон.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ