Ӯзбекистон ҷасадро гаравгон гирифт?

Узбекистон бо гузашти се рӯз ҷасади Аслиддин Шоимов – сокини кушташудаи ноҳияи Турсунзодаро ба Тоҷикистон надодааст. Мақомоти Сарраёсати нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ин маврид бо сарҳадбонҳои узбек вориди музокирот шудаанд.

Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати нирӯҳои марзбонӣ рӯзи 18 апрел бо тасдиқи ин хабар гуфтааст, ки  «ҳадаф маълум кардани чанд нукта аст. Аз ҷумла, чаро марзбонҳои кишвари ҳамсоя вориди мавзеъҳои Тоҷикистон шуда, шаҳрванди моро паррондаанд? Бояд мақомоти Узбекистон ин масъаларо шарҳ диҳанд ва ба ин корашон эътироф кунанд.»

Хонаводаи Аслиддин Шоимов мегӯянд, марзбонҳои Узбекистон баъд аз зуҳри 15 апрел ӯро дар минтақаи сарҳадии «Ахбара» парронда ва сипас ҷасадашро бо худ бурдаанд. Рӯзӣ Шоимов, бародари Аслиддин, ки шоҳиди ин ҳодиса буда ва ба иддаои худаш аз тири марзбонҳои Узбекистон аз дасту пояш ҷароҳат бардоштааст, гуфт, ҳодиса дар ҳудуди Тоҷикстон рух додааст. Аммо як рӯз пеш Кумитаи марзбонии Узбекистон гуфт, Аслиддин Шоимов, шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми ҳамла ба марзбонони узбакистонӣ тир хӯрда, кушта шудааст.

Рӯзӣ Шоимов, ки феълан дар бемористони шаҳри Турсунзода хобидааст, гуфтааст,ки  «мо гови сокинони маҳалларо мечарондем. Марзбонҳои ҳамсоя тақрибан 500 метр ба сарҳади мо даромаданд. Вақте бародарамро парронданд, бо шикам ба замин зад ва дигар барнахест. Сарҳадбони дигар ба тарафи ман омад ва тир холӣ кард, ки дар дастам зад. Аз тарси инки дар баданам напарронад, аз гардани сарҳадбон гирифта, мехостам ба замин хобонам, аммо вай як тири дигар дар поям зад. Ман молҳоро гузошта, фирор кардам. Вақте падарам ба чарогоҳ рафт, аз зиндаву мурдаи Аслиддин дарак набуд”.Рӯзӣ мегӯяд, ҳангоме ки ин ҳодиса рух дод, касе аз марзбонони тоҷик дар ҷойи ҳодиса набуд ва танҳо ба бемористон ба наздаш омадаанд. Дар ҳамин ҳол, намояндагони Сарраёсати нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон Абдуҷаббор Шоимов, падари Аслиддин ва Рӯзиро даъват карда, гуфтаанд, ки рӯзҳои наздик ҷасади фарзанди хонаводаро бармегардонанд.Абдуҷаббор Шоимов гуфт, “ман дар ҳеч куҷо кор намекунам. Мо фақат бо пуле зиндагӣ доштем, ки Аслиддин ҳамроҳи бародараш говҳои деҳаро ба чаро бурда, дар иваз аз мардум мегирифтанд. Ин чанд руз маҷбур шудем, хоҳарашро ба “Ахбара” фиристем”.Дар канори деҳаи Шулум, зодгоҳи Аслиддин Шоимов, қисми ҳарбии “0104” – и Сарраёсати нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон воқеъ аст. Вақте ба ин қисми ҳарбӣ рафтем, як афсар бидуни муаррифии худ гуфт, ки “дар лаҳзаи вуқӯи ҳодиса сарҳадбонони тоҷик дар онҷо набуданд”. Ба гуфтаи ин афсар, дар ҳамон лаҳза онҳо сарбозони назоратии худро иваз мекарданд ва баъди огоҳӣ ба ҷои ҳодиса расидаанд.Зимнан, деҳаи Шулуми Турсунзода дар 3-киломерии марзи Тоҷикистон бо Узбекистон қарор дорад ва сокинони он аслан узбактаборанд ва ба чорводорӣ машғуланд. Ба иттилои ҳамсари Аслиддин – Раъно Шоимова, аз ҷавони кушташуда ду фарзанд боқӣ монда ва ин хонавода намедонанд, минбаъд зиндагиашонро чӣ гуна пеш баранд.Бо ин ҳам дархости хонавода аз мақомоти Тоҷикистону Узбекистон дар ҳоли ҳозир ин аст, ки ҳарчӣ зудтар ҷасади Аслиддин Шоимов баргардонда ва дар зодгоҳаш ба хок супурда шавад.

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *