Ӯзбекистон бо 2,6 миллиард доллар НБО месозад
Мақомоти Узбекистон тасмим доранд, ки дар панҷ соли оянда чаҳор нирӯгоҳи барқии обӣ бо иқтидори беш аз 30 МВт-ро бунёд кунанд.
Ин нукта дар лоиҳаи Консепсияи рушди соҳаи гидроэнергетии Узбекистон то соли 2024 зикр шудааст. Ба ғайр аз ин, дар Узбекистон 16 нирӯгоҳи нави хурди барқӣ-обӣ бунёд мешавад ва 21 истгоҳи дигар мавриди бозсозӣ қарор мегирад.Харҷи умумии иҷрои тарҳҳои мазкур 2,6 миллиард доллар арзёбӣ шудааст, ки 600 миллиони онро Тошканд қарз хоҳад гирифт.Пас аз иҷрои тарҳҳо дар Узбекистон солона 2,8 миллиард киловатт-соат бештар нирӯи барқ истеҳсол шуда, шумори умумии нирӯгоҳҳо ба 57 адад ва ҳаҷми барқи истеҳсолшаванда ба 9,3 миллиард киловатт-соат хоҳад расид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ