Ӯзбекистон дари худро ба рӯи фаронсавиҳо боз кард
Аз 5-уми октябри соли равон шаҳрвандони Фаронса метавонанд, ба Узбекистон ба муҳлати 30 рӯз бидуни раводид (виза) сафар кунанд.
Фармони президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар ин бора 4-уми октябр нашр шуд. Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 8-9 октябри соли равон бо даъвати ҳамтои фаронсавии худ Эммануэл Макрон сафари расмиеро ба Париж анҷом хоҳад дод. Ба иттилои расонаҳои узбекӣ, шумори шаҳрвандони Фаронса, ки аз Узбекистон боздид мекунанд, сол то сол афзоиш меёбад. Агар дар соли 2016 чаҳор ҳазору 889 фаронсавӣ ба Узбекистон рафта бошанд, соли 2017 шумори онҳо ба 5748 нафар афзоиш ёфтааст. Дар 8 моҳи аввали соли равон 9172 сайёҳи фаронсавӣ аз Узбекистон боздид кардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ