Ӯзбекистон дар ҷойи аввал
Миёни кишварҳои ИДМ Ӯзбекистон дар интиқоли маблағ аз Русия дар ҷои аввал меистад. Дар ин бора Бонки марказии Русия хабар медиҳад.
Ба иттилои расмӣ, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз Русия 9 миллиарду 800 миллион доллар ба хориҷ аз ин кишвар интиқол дода шудааст. Аз ин миқдор маблағ наздики 3 миллиарду 50 миллионаш ба Ӯзбекистон фиристода шудааст.
Дар ҳамин ҳол, ба Тоҷикистон 1 миллиарду 900 миллион, ба Қирғизистон 1 миллиарду 700 миллион ва 500 миллиони дигар ба Қазоқистон ирсол шудааст.
Пештар аз ин Бонки марказии Ӯзбекистон хабар дода буд, ки дар шаш моҳи соли 2018 ба Ӯзбекистон аз хориҷи ин кишвар 3 миллиарду 300 миллион доллар ворид шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ