Ӯзбекистон: Оғози интихоботи президентӣ
Интихоботи президентӣ дар Узбакистон оғоз шуд. Кумисюни марказии интихобот мегӯяд, 21 миллион афроди қобили раъй то шоми 4 декабр ҳақ доранд, ки ба тарафдорӣ аз номзадҳои мавриди назарашон овоз диҳанд. Ин нахустин интихоботи бе Ислом Каримов дар Узбакистон аст, ки тайи беш аз 25 соли гузашта ҷилави қудратро дар даст дошт ва дар ҳамаи интихоботҳои гузашта пирӯз омадааст. Каримов рӯзи 2 сентябри имсол даргузашт ва заминаи баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлатро фароҳам кард.
Ҳоло барои дарёфти курсии холимондаи раёсати ҷумҳурӣ чор нафар сабқат доранд. Шавкат Мирзиёев, иҷрокунандаи вазифаи президенти Узбакистон ва намояндаи Ҳизби либерал-демократ аз номзадҳои аслӣ дар ин интихобот гуфта мешавад. Вай рӯзи 8 сентябри имсол, баъди тақрибан як ҳафтаи даргузашти Ислом Каримов, иҷрокунандаи вазифаи президент интихоб шуд.
Сарвар Отамуродов – намояндаи Ҳизби эҳёи миллӣ, Ҳотамҷон Кетмонов — намояндаи Ҳизби халқии демократӣ ва Наримон Умаров — аз Ҳизби сотсиал-демократ номзадҳои дигари интихоботанд. Кетмонов ва Умаров дар интихоботи гузаштаи президентии Узбакистон низ бо Ислом Каримов вориди рақобат шуда, вале шикаст хӯрда буданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ