Ӯзбекистон: Раиси Бонки миллӣ даргузашт
Файзулло Муллоҷонов, ки тайи 14 соли ахир раиси Бонки миллии Узбакистон буд, рӯзи 23 май дар 67-солагӣ дар шаҳри Тошканд даргузашт. Маҷаллаи амрикоии Global Finance соли 2015 ӯро ба рӯйхати беҳтарин раҳбарони бонкҳои миллӣ шомил карда буд.
Наздикони Муллоҷонов мегӯянд, раиси Бонки миллии Узбакистон тайи ду-се соли ахир аз бемории гурда ва диабети қанд ранҷ мебурд. Соли гузашта ба далели аз кор мондани гурдаҳояш ӯ ба гирифтани гемодиализ шуруъ карда буд. Маросими ҷанозаи Муллоҷонов нимаи дувуми рӯзи чаҳоршанбе баргузор мешавад.
Муллоҷонов аз зумраи он мансабдорони Узбакистон аст, ки солҳои дароз бо президенти нахустин Ислом Каримов ва президенти кунунии ин кишвар Шавкат Мирзиёев кор кардааст. Бо вуҷуди он ки тайи ду соли ахир вазъи саломатии Муллоҷонов бад шуда буд, аммо Каримов истеъфои ӯро напазируфт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ