Ӯзбекистон соҳиби «Шоҳҷоиза» гардид

Санаи 19 сентябр, соати 18:00 дар кинотеатри “Ватан” маросими пӯшидашавии 3 – юмин кинофестивали байналмилалии филмҳои кӯтоҳ “Навсоз” баргузор гардид. Ёдовар мешевем, ки имсол барои ширкат варзидан дар ҷашнвора наздики 80 филм пешниҳод шудаанд, ки аз миёнашон 20 филми бадеӣ ва ҳуҷҷатиро барои сабқат дар бахшҳои озмунӣ ва ғайриозмунӣ роҳ ёфтаанд ва дар фестивал 5 филм аз Тоҷикистон, 3 филм аз Қазоқистон, 2 филмӣ аз Қирғизистон, Арманистон, Ӯзбекистон, ИМА ва Беларус намоиш дода шуданд. Ҳакамон дар давоми ду рӯз 17 – 18 сентябр ҳамаи филмҳои пешниҳодгардидаро тамошо намуда баҳогузорӣ намуданд.

Ҷоизаи “Беҳтарин филмнома”-ро филми “Куб” аз Қазоқистон (муаллиф ва коргардон Максим Кодаров, наворбврдор Ерсул Омархан), “Беҳтарин наворбардор”-ро филми “Як рӯз” аз Арманистон (муаллиф Асия Тротская Герзон, коргардон Тадеввосян Гуж, наворбардор Эри Данилов),

“Беҳтарин коргардон”-ро филми “Зери шохаҳои дарахтҳо” аз Белорусия (муаллиф ва коргардон Игнат Качан, наворбардор Макс Бабич), “Беҳтарин филми ҳуҷҷатӣ”-ро филми “Навои осмонӣ” аз Қирғизистон (муаллиф ва коргардон Гулжан Иреш, наворбардор Данияр Абиров),

“Беҳтарин филми бадеӣ”-ро филми “Ботин” аз ИМА (муаллиф ва коргардон Диас Азимжанов, наворбардор Константин Фролов) соҳиб шуданд.

“Ҷоизаи махсуси ҳакамон” бошад насиби филми “Кулол” аз Тоҷикистон (муаллиф Ҳошим Раҳимов, коргардон Ҷумъабой Расулов ва наворбардор Толиб Набиев) гардид.
Филми “Чой” аз Ӯзбекистон (муаллиф ва коргардон Шокир Холиқов, наворбардор Акмал Маматов), ки аз тарафи ҳакамон баҳои баланд гирифт соҳиби “Шоҳҷоиза”-и 3 – юмин Кинофестивали байналмилалии филмҳои кӯтоҳ — “Навсоз” гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *