Ӯзбекистон визаро бекор мекунад, аммо барои кӣ?

 Узбекистон аз моҳи апрели соли оянда низоми раводидро барои сокинони 27 кишвари ҷаҳон бекор ва ё содда карда, аз соли 2018 визаи электронӣ ҷорӣ хоҳад намуд.

Дар ин бора фармони расмии Шавкат Мирзиёев ба тасвиб расида, ҳадафаш «рушди бахши сайёҳӣ» дар ин кишвари Осиёи Марказӣ гуфта мешавад. Вале ин феҳрист Тоҷикистонро дар бар намегирад.

Бар асоси қарори расмӣ, Тошканд аз моҳи апрели соли 2017 раводидро барои он шаҳрвандони Австралия, Австрия, Бритониё, Олмон, Дания, Испания, Италия, Канада, Люксембург, Ҳолланд, Корея, Сингапур, Финляндия, Швейтсаприя ва Ҷопон бекор хоҳад кард, ки бо нияти саёҳат ва на бештар аз 30 рӯз ба Узбекистон мераванд.Инчунин, визаи Узбекистон барои сокинони аз 55-сола болои Белгия, Малайзия, Амрико, Фаронса, Вйетнам, Исроил, Лаҳистон, Маҷористон, Португалия ва Чехия аз байн бурда хоҳад шуд. Вале дар қарори расмӣ таъкид шудааст, шаҳрвандони ин кишварҳо ҳангоми вуруд ба хоки Узбакистон бояд 50-долларӣ пардохт кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *