Ӯзбекистон: Зани ҳомиладор аз пахтачинии иҷборӣ тифлашро аз даст дод
Зани 28-сола Дилором Ҷӯраева аз вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон ҳангоми пахтачинӣ тифли батнашро аз даст додааст. Фаъолони маҳаллӣ ӯро,ки дар моҳи шашуми ҳомиладорӣ будааст иҷборан ба пахтачинӣ бурдаанд.
«Сардори фаъолони маҳаллӣ ӯро таҳдид кард, ки дар ҳолати ба пахтачинӣ набаромаданаш, баъди ба дунё овардани кӯдак ба вай кумакпулӣ нахоҳад дод. Пулисро ҳам ба манзили вай фиристодааст. Ин зани тарсхӯрда аз ин фишорҳо дар аввалин рӯзи пахтачинӣ бачапартоӣ кард», — нақл кардааст яке аз шоҳидон.
Намояндагони мақомоти дахлдор манзил ба манзил гашта, аз сокинони маҳаллӣ талаб кардаанд, ки аз ҳар хонавода ҳадди ақал як нафар ба пахтачинӣ барояд.
Раиси маҳаллае, ки хонаводаи Ҷӯраева зиндагӣ мекунад, гуфтааст, дар ин бачапартоӣ худи Ҷӯраева гунаҳкор аст. «Дар хонаи онҳо шавҳараш ва ду бародари вай бе кор шиштаанд. Мо ба хонаи онҳо рафта, хабар додем, ки мавсими нави пахтачинӣ фаро расид. Келини хонавода Дилором бо хости худаш ба пахтачинӣ баромад. Касе ӯро маҷбур накардааст», — мегӯяд раиси маҳалла.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ