«Ӯзбеккино» дар бораи фоҷеаи 11 сентябр филм бардошт (видео)
Оҷонси давлатии «Ӯзбеккино» наворбардории филми «парвози 101»-ро бо фармоиши давлатӣ ба поён расонд. Ин нахустин филми ватании фоҷиаест, ки дар асоси ҳаводиси воқеии 11 сентябри соли 2001 дар шаҳри Ню-Йорк таҳия шудааст.
Филми коргардон Акром Шоҳназаров ҳодисаи воқеиеро қисса мекунад, ки 11 сентябри соли 2001 — рӯзи ҳамлаҳои террористӣ дар ИМА дар дохили ҳавопаймои ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ» дар масири Тошканд- Ню-Йорк рух додааст.
«Агар дар ёд дошта бошед, дар натиҷаи ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001 ҳарими ҳавоии Амрико барои як муддат баста шуда буд. Боинг-767-и «Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ», ки таҳти рақами 101 аз Тошканд ба Ню-Йорк парвоз карда буд, бо 180 мусофир дар осмон бо мушкил рӯ ба рӯ шуд. Филм дар бораи ин ҳодиса ва мардонагии халабони ӯзбеке қисса мекунад, ки тавонист он рӯз ин мушкилро ҳал кунад», — изҳор дошт филмсоз Равшан Норбоев.
Филмномаро Шоҳсанам Сафиева ба раҳбарии нависанда Эркин Аъзам навиштааст. Филми мазкур охирҳои соли равон дар Ӯзбекистон намоиш дода хоҳад шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ