Зеҳни сунъӣ. Мутахассисони соҳа дар ин бора чӣ андеша доранд?

Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аввалин кишварест, ки Стратегияи рушди зеҳни сунъиро қабул кардааст. Ин стратегия то соли 2040-ро дар бар мегирад ва масъули иҷроиш Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон мебошад. Таҳлилгарони соҳа аз ин иқдоми Ҳукумати кишвар барои қабул ҷонибдорӣ намуда, бовар доранд, ки акнун Тоҷикистон қадами асосиро ҷиҳати рушди рақамикунонии иқтисод мегузорад.

Зеҳни сунъӣ чист?

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Паёми гузашта ба масъулини ниҳодҳои блоки иқтисодии кишвар дастур дода буд, ки ҷиҳати таҳия ва васеъ истифода намудани технологияҳои муосир дар соҳаҳои иқтисод Стратегияи миллии зеҳни сунъӣ таҳия ва татбиқ карда шавад. Акнун, бо гузашти беш аз 8 моҳ аз ҷаласаи Ҳукумат, ки 29-уми сентябр баргузор гардид, ин масъала дубора ба миён омад ва Стратегияи рушди зеҳнӣ то давраи соли 2040 қабул шуд.

Аммо баъд аз Паём дар чанде аз муасиссаҳои олӣ, пеш аз ҳама дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ маркази зеҳни сунъӣ таъсис ёфт. Ба гуфтаи масъулини ин донишгоҳ, бо пешниҳоди ректор Қудрат Давлатзода дар ростои рушди бесобиқаи илму техника, дарёфт ва рушди малакаи зеҳнии донишҷӯёни лаёқатманд дар донишгоҳ Маркази зеҳни сунъӣ таъсис дода шудааст.

Аслан, зеҳни сунъӣ чист? Кам кардани қувваи меҳнат тавассути технология. Яъне, кор бештар тавассути технологияи рақамӣ ва комютер идора ва амалӣ мегардад. Ба забони русӣ онро “искусственный интеллект” ва ба забони англисӣ “аrtificial intelligence” меноманд. Онро ба ибораи дигар “инсон дар дохили компютер” низ меноманд.

Абдулло Қурбонов, роҳбари «Алиф Бонк»

Алифбонк ҷонибдор аст

Абдулло Қурбонов, роҳбари «Алиф Бонк» ҷонибдори қабули чунин як стратегия аст. «Муҳим аст, ки иқтисодиёти мо бештар ба технологияҳои иттилоотӣ тамаркуз намояд. Чун мо аз баҳрҳову роҳҳои осони содироти молу маҳсулоти моддӣ дур ҳастем, дар он самт дар арсаи байналмилалӣ рақобатпазир будан бароямон хеле мушкил аст. Ҳол он ки, дар содироти барномаҳову молҳои зеҳнӣ рақобатпазир буда метавонем. Аллакай имрӯз барномасозони тоҷик барномаҳое навишта истодаанд, ки бо онҳо метавон ифтихор кард, аз он ҷумла барномаҳои мураккаби соҳаи бонкӣ»,- изҳор дошт номбурда.

Нахустин маркази зеҳни сунъӣ дар Душанбе

Ҳоло дар Душанбе марказҳои таҳияи барнома ва кор дар самти зеҳни сунъӣ аллакай амал мекунанд. Яке аз онҳо «TajRupt» — нахустин лаборатория ё маркази зеҳни сунъӣ аст, ки дар Осиёи Марказӣ онро  беназир медонанд. Гуфта мешавад, ки «TajRupt» бо дастгирӣ ва мусоидати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва иқдоми ҷавони тоҷик Азизҷон Азимӣ, ки хатмкардаи Донишгоҳи Гарварди Амрико мебошад, таъсис ёфтааст. Як сол қабл ҳангоми ифтитоҳи муассисаи мазкур кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, парлумон, вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар, раиси Бонки миллӣ, роҳбарони муассисаҳои илмию таълимӣ иштирок намуданд.

— Тавонмандсозии ҷавонони кишвар дар соҳаи зеҳни сунъӣ аз ҳадафҳои асосии таъсиси муассиса маҳсуб меёбад,- мегӯяд муассис ва роҳбари «TajRupt» Азизҷон Азимӣ.

Барномаи таълимии «TajRupt» дар шакли баъд аз мактаб тартиб дода шуда, 10 ҳафта давом мекунад ва иборат аз 75 дақиқаи дарсҳои интерактивӣ, дар як ҳафта се маротиба мебошад. Донишҷӯ дар TajRupt, дар доираи барномаи таълимии 10-ҳафтаӣ як қатор мафҳумҳо, аз қабили сиёсати давлатӣ, фалсафа, бозорҳо, ВАО, технология, ҷаҳонишавӣ ва корҳои байналмилалӣ ва баробарии гендериро меомӯзад. Барои ҳавасмандгардонии таваҷҷуҳи донишҷӯён ба барномаи таълимӣ, забони англисӣ ҳамчун забони асосии муошират дар синф ҷорӣ гардидааст.

Азизҷон Азимӣ, роҳбари «TajRupt»

Зеҳни сунъӣ ба мо чӣ медиҳад?

Ба андешаи Азизҷон Азимӣ, ҳоло зеҳни сунъӣ қисми муҳими иқтисодиёт аст. Системаҳои комютерие ҳастанд, ки мисли одам таҳлил ва қарор қабул карда метавонанд. “Аз ин хотир, мо тасмим гирифтем, ки маркази зеҳни сунъиро ҳамчун як заминае барои пешрафти иқтисодиёт ташкил намоем”,- мегӯяд номбурда.

Ҳатто Азизҷон Азимӣ кори илмиашро ҳам дар самти рушди зеҳни сунъӣ то соли 2030 дар мисоли Тоҷикистон гирифтааст. “Мо бо Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав вохӯрдем. Вақте ки атрофи зеҳни сунъӣ суҳбат кардем, завқу таваҷҷуҳашон пайдо шуд. Ҳоло пешниҳодҳоеро, ки доштем, дар якҷоягӣ бо Вазорати саноат ва техногияҳои нав зина ба зина амалӣ карда истодаем. Чӣ тавр? Айни замон дар назди вазорати саноат як марказ таъсис ёфтааст, ки ҳадаф аз он қавӣ гардонидани рушди иқтисоди рақамӣ мебошад. Дар назди ин марказ боз Шӯрои зеҳни сунъӣ ҳам таъсис ёфтааст, ки онҷо тамоми намояндагони бахши хусусӣ, блоки иқтисодӣ, муассисаҳои олӣ ва коршиносон аз давлатҳои хориҷӣ дар вақти мувофиқ ҷамъ омада, назари худро иброз медоранд”,- чунин андеша дорад муассиси «TajRupt».

Феълан дар Тоҷикистон Консепсияи рушди иқтисодиёт то давраи соли 2040 низ қабул шудааст. Ба андешаи инҷониб, он метавонад заминаи хубе барои рушди зеҳни сунъӣ дар кишвар гардад. Аммо то куҷо Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон амалӣ мегардад, аз намояндагони мақомоти давлатӣ, аз ҷумла блоки иқтисодӣ сахт вобаста аст.

Мутахассисони соҳа дар ин бора чӣ андеша доранд?

Усмон РАҲИМЗОДА

Назари дигаре доред? Нависед: [email protected]

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *