робот

Зеҳни сунъӣ. Онро дар Тоҷикистон чӣ тавр ба кор мебаранд?

Барои кишвари мо рақамикунонӣ на танҳо як калимаи замонавию маъмулист, балки як мафҳумест, ки digital — имкониятҳои воқеан манфиатоварро дар бар мегирад.

Ҳамин тариқ, технологияҳои зеҳни сунъӣ ба ширкати “МегаФон Тоҷикистон” имкон медиҳанд, ки суръати хизматрасонии мизоҷон дар маҷмуъ баланд бардошта шавад.

Зимнан, дар замони имрӯза роботҳо на танҳо ба зангҳои телефонӣ ҷавоб мегӯянд, балки худ низ онҳоро анҷом медиҳанд.

Зеҳни сунъӣ барои чӣ лозим аст?

Ба чат-ботҳо ва роботҳо бо зеҳни сунъӣ вазифаҳои нақшавӣ супурда мешаванд. Ширкатҳои бузург дорои миллионҳо мизоҷоне мебошанд, ки ҳазорҳо (ва баъзан даҳҳо ҳазор) нафари онҳо ҳаррӯза саволҳои шабеҳ ё якхела медиҳанд. Масалан, саволҳо дар бораи иқдомҳои нав. Ба ин саволҳо одам низ ҷавоб дода метавонад, лекин ин корро чат-бот зудтар, ҳамагӣ дар якчанд лаҳза анҷом медиҳад. Бар замми ин, робот мондашавиро намедонад.

Дар ширкати “МегаФон Тоҷикистон” чунин тақсимоти меҳнат ҳанӯз соли 2019, вақте чат-боти Доно ба кор дароварда шуд, оғоз ёфта буд. Ҳаррӯза он ба ҳисоби миёна бо 14 ҳазор муштариён суҳбат мекунад. Одамоне, ки аз вазифаҳои мутаассиб озод карда шудаанд, дар ин ҳангом метавонанд ба саволҳои нисбатан душвори мизоҷон ҷавоб диҳанд ва корҳоеро иҷро кунанд, ки ҳоло аз дасти роботҳо намеоянд. Бо вуҷуди ин, зеҳни сунъӣ ба мошинҳо имкон медиҳад, ки донишҳои худро сайқал дода, ҳарчи бештар ба одамон монандӣ пайдо кунанд.

Вақте роботҳо шӯхӣ мекунанд

Ин хусусияти ЗС ҳангоми бавуҷудоварии роботи дигар ба назар гирифта шуд. Аниқтараш, ҳангоми бавуҷудоварии якчанд роботе, ки ҳам бо овози мардона ва ҳам бо овози занона гап зада метавонанд. Онҳо ба анҷомдиҳии ба ном зангҳои сард машғул мебошанд: ба мизоҷон занг зада, тарофаю бастаҳои интернетиро бо назардошти талаботи ҳар як ҳамсуҳбати худ пешниҳод менамоянд.

Аз лаҳзаи ба вуҷуд омадани худ роботҳо ҳазорон муроҷиатҳои воқеии муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон”-ро мавриди таҳлил қарор доданд. Фаҳмиданд, ки чӣ тавр ба ибораҳои “ҳоло гап зада наметавонам, баъдтар занг занед”, “бале, ман барои гап задан омодаам”, “ман ин тарофаро пайваст кардан мехоҳам”дуруст ҷавоб бояд дод, инчунин занг задан дар вақти дақиқи муайяншуда, дарҳол пайваст кардани тарофаи писандомада ва ҳатто шӯхӣ карданро дар вақти суҳбат ёд гирифтанд. “Фарзандони” зеҳни сунъӣ дониши худро хеле зуд такмил медиҳанд, то ки ҳамеша бо дилхоҳ мизоҷ ҳамоҳанг бошанд.

Ба мисли ҳамтоёни овозии худ чат-боти Доно ҳамеша дар роҳи омӯзиш аст. Ва ба наздикӣ он боз ҳам донотару дарроктар хоҳад шуд. Бо чунин имкониятҳои пешбинигардидаи рақамӣ тамоми хизматрасонии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” низ ба сатҳи сифатан нав мебарояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *