“Зеби ма дорӣ”-и Азизбек ва Шукрона нашр шуд

Азизбек Ҷӯраев, овозхон ва блогери тоҷик, ки миёни мардум бештар бо сароидани сурудҳои ҳаҷвӣ маъруф аст, таронаи навашро бо номи “Зеби ма дорӣ” бо иштироки Шукрона ном овозхони дигар дар ютубканалаш нашр намуд.

Сужаи намоҳанги суруди “Зеби ма дорӣ” ҷолиб аст. Дар он дида мешавад, ки овозхон тавассути барномаҳои компютерӣ барои худ “двойник” сохтааст ва ҳамчун ду қаҳрамон “Ҳасан” ва “Ҳусейн” нақшофарӣ мекунад. Дар аввал ба назар чунин менамояд, ки бародарон як духтарро дӯст доштаанд, вале дар охир дида мешавад, ки духтарон ҳам дугоник будаанд.

“Зеби ма дорӣ”-ро дар як шабонарӯз наздики 50 ҳазор маротиба дидаанд. Агарчи ин рақам барои сурудҳои пешинаи Азизбек Ҷураев зиёд набошад ҳам, вале дар умум барои сегменти тоҷикии “Ютуб” бад нест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *