Зебогии бом-зебогии Ватан?
Барои “зебо” кардани кишвар, мақомоти расмӣ дар Тоҷикистон ба раисони шаҳру ноҳияҳо дастур додаанд, ки боми хонаҳоро якранг кунанд.
Дастуреро бо ҳамин мазмун раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ба унвонии раисони шаҳру ноҳияҳо фиристодааст. Ҳадаф аз он зебо кардани маҳаллаву шаҳрҳои кишвар то таҷлили 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон будааст, ки соли 2021 таҷлил хоҳад шуд.Файзулло Искандаров, мудири шӯъбаи шаҳрсозии Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон ба расонаҳо гуфтааст,ки аммо ба мақомот дар маҳалҳо ихтиёр дода шудааст, ранги табъи дили худро интихоб кунанд.“Пеш аз ҳама мақсади мо ободонии марказҳои ноҳияҳо аст. Маҳаллаҳои навбунёд бояд бомпӯши якранга дошта бошанд. Иҷрои дастур барои маҳаллаҳои маркази ноҳияҳо ҳатмист. Ба сокинон фаҳмонда медиҳем, ки онро риоят кунанд”, — гуфтааст Искандаров.Бар асоси дастур, раҳбарон дар маҳалҳо, яке аз рангҳо, масалан, сабз ё сурхро интихоб мекунанд ва сокинони дигар муваззафанд, ки боми хонаи худро бо бомпӯшҳои якрангаи сабз ё сурх бипӯшонанд. Ба гуфтаи мақоми Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, дигар дар марказҳои ноҳияҳо аз бомпӯшҳои маъмулӣ ба мисли шифер истифода намекунанд, “зеро хокистаррангу бенур ва зишт аст”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ