Зебунисо Рустамова: Гурдофарид нестам…
Устураи варзиши тоҷик, камонвари номвар Зебунисо Рустамова ба синни мубораки 70 расид. Ба ин муносибат авроқи зиндагии ӯро варақ мезанем.
Орзуи журналистӣ
Зебунисо Рустамова яке аз чеҳраҳои маъруфи варзиши кишвар ва ҷаҳон буду ҳаст. Ҳеҷ бонуи варзишкори тоҷик ба ҳадди ӯ ба зинаҳои шуҳрати варзиш нарасидаву ба ҳадди вай ҷоизаву унвон нагирифтааст.
Зебунисо Рустамова соли 1955 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Дар як мусоҳибааш ба хабарнигори Halva.tj гуфтааст, ки аз хурдӣ гарчанде чусту чолок буду варзишро дӯст медошт, вале пешаи дигарро интихоб карданӣ буд.
“Аслан ман дар наврасӣ бисёр булҳавас будам ва пеш аз он, ки ба варзиш биёям чанд соҳаи д игарро ҳам интихоб карда будам. Яке аз онҳо журналистика буд. Ман барои журналист шудан хеле кӯшиш ҳам карда будам. Яке аз он кӯшишҳое, ки дар ин роҳ анҷом додам, ҳамкорӣ бо нашрияҳои машҳуру овозадори он замон ба мисли “Машъал”, “Пионери Тоҷикистон” ва “Комсомоли Тоҷикистон” буд. Пайваста набошад ҳам, аммо навиштаҳоям дар нашрияҳои номбурда чоп шуданд.” – мегӯяд ӯ.
Дунёи варзиш
Зебунисо аз даврони наврасӣ варзишро дӯст медошт ва ба навъҳои мухталифи варзиш машғул мешуд. Дар мусоҳибаи зикршуда камонвари номвар замони наврасии худро чунин ёдоварӣ мекунад: “Ман пеш аз ҳама футболро дӯст медоштам. Баъдан, гимнастика писандам омад ва боз шиновар шудан хостам. Яъне, то ба камонварӣ омадан ба чанд намуди варзиш рағбат доштам. Ин аз он буд, ки дар мактаби мо клуби варзишӣ амал мекард. Баъди ин ҳама, бародарам ба ман тавсия доданд, ки ба намуди варзиши ниёгонамон, яъне камонварӣ машғул шавам. Ҳамин тавр, ба камонварӣ ворид шудам.”
Воқеан, бародараш Ҳомидҷон ва тағояш Абдуқодир ба Зебунисо хабар медиҳанд, ки дар варзишгоҳи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон шуъбаи нави варзиши тирпаронӣ аз камон ифтитоҳ шудааст. Онҳо тавсия медиҳанд, ки Зебунисо ба ин клуб равад ва тамрин кунад.
“Мисли он ки кӯдакон дар синфҳои ибтидоӣ ба зӯр, ё бо фиреб мактаб мераванд, ман ҳам моҳҳои аввали ба тамрини камонварӣ рафтанам, ҳамин гуна будам. Бисёр хаста мешудам. Ва пас аз як соли тамрин ин пешаро тарк кардам. Соли 1969 аз тарафи клуби варзишии мактабамон ба Лагери байналмилалии варзишӣ ба Олмон рафтам. Дар он ҷо гуфтанд, ки ту духтари шарқӣ ҳастӣ, бояд шоҳмотбозиро тавонӣ ва ман бо дили нохоҳам ба мусобиқаи шоҳмот баромадам. Хушбахтона, ҷойи дуюмро гирифтам.” – ба ёд меорад ӯ.
Бозгашт ба камонварӣ
Зебунисо Рустамова ҳеҷ тасаввур намекард, ки ба камонварӣ бармегардад, вале сарнавишт ӯро дубора ба ин навъи варзиш овард.
Ӯ бозгашти худро ба камонварӣ чунин ба ёд меорад:
“Дар тантанаҳои “Занги охирин” бо чанд тан духтароне вохӯрдам, ки пештар бо онҳо якҷо тамрини камонварӣ мекардам. Дидам, ки дар гарданҳои онҳо чандтоӣ медал овезон аст ва ин дар як муддати кӯтоҳ натиҷаи бисёр хуб буд. Аз ҳамон вақт ба камонварӣ дубора баргаштам”.
Ҳамин тавр Зебуннисо ба машқу тамринҳои дурудароз шурӯъ кард.
Зебунисо Рустамова мусобиқаи аввалинашро дар шаҳри Тулаи Русия бомуваффақият гузаронд ва дар мусобиқаҳои умумииттифоқии камонварони ҷамъияти «Динамо», ки дар шаҳри Сухумии Абхазия баргузор гардид, ӯ меъёри Устоди варзиши ИҶШС-ро иҷро кард. Дар мусобиқаи умумииттифоқии шаҳри Кишинёв дар масофаи 50 метр Зебуннисо ҷоизаи нуқраро ба даст овард, дар масофаи 70 метр бошад, дар муборизаи шадид медали тиллоро соҳиб шуд. Дар Алушта ҳамаи пайконҳои ӯ ба маркази ҳадаф расида, меъёри Устоди варзиши дараҷаи байналхалқиро сазовор шуд.
Қуллаи баланд
Оҳиста-оҳиста, Зебунисо Рустамова ба арсаи ҷаҳонӣ баромад. Соли 1975 дар Интерлакени Швейсария Чемпиони мутлақи ҷаҳон шуд. Комёбии дар миқёси кишварамон беназири Зебуннисо Рустамова ҷойи сеюм ва медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ дар Монреали Канада дар соли 1976 аст. То имрӯз ягон варзишгари тоҷик дар риштаи камонварӣ дастоварди Зебунисо Рустамоваро такрор накардааст.
Зебунисо Рустамоваро аз дараи ғолибият дар Бозиҳои олимпӣ то ба имрӯз “Гурдофарид” мегӯянд, вале маълум шуд, ки ӯ ин тахаллусро хуш надоштааст. “Боре ба як журналист гуфта будам, ки маро Гурдофарид нагӯед, зеро вай медонист, ки Суҳроб фарзанди Рустам аст, аммо набарди онҳоро пешгирӣ накард. Ин дар ҳолест, ки варзиш бисёр тоза аст ва варзишгар бояд ҳамчунин бошад. Ман некхоҳ будан мехоҳам, на Гурдофарид!” – мегӯяд ӯ.
Ҳамчунин, Зебунисо Рустамова чемпиони ҷаҳон дар тими мунтахаби ИҶШС (Интерлакен, 1975; Сеул, 1985; Сидней, 1987), дорандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон (Австралия 1977); чемпиони секаратаи Аврупо (Копенгаген, 1976; Измир, 1985; Порис, 1986) аст.
Қадришиносӣ
Варзишгари номвар Зебунисо Рустамова Устоди шоистаи варзиши ИҶШС (1975), корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001) аст. Ҳамчунин, ӯ Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003) мебошад.
Дорандаи медали нуқраи “Дружба-84” (Прага), чемпиони 15-каратаи ИҶШС, ҷамъияти “Динамо”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мусобиқаҳои байналмилалӣ, варзишгари барҷастаи Тоҷикистон дар асри 20 шинохта шудааст (2001).
Бо ордени “Нишони Фахрӣ” (1984), медалҳои “Барои меҳнати шоиста” (1976), “20-солагии Истиқлолият” (2012) ва ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст.
Аз кори роҳбарӣ то мактаби камонварӣ
Зебунисо Рустмова дар баробари дастовардҳои беназири варзишӣ аз маҳорати хуби роҳбарӣ бархӯрдор аст ва солҳо дар корҳои сарварӣ ҳам, будаву дар рушди варзиши кишвар саҳм гузоштааст.
Ӯ дар вазифаҳои ҷонишини раиси Кумитаи варзиш (1986-92), раиси Кумитаи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992-1995), ноиби президенти Кумитаи Олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992-2000) кор кардааст.
Аз соли 2000 раиси ташкилоти ҷамъиятии “Маркази дастгирии занон ва кудакон” ва аз соли 2003 раиси Асосиатсияи олимпичиёни Тоҷикистон аст.
Зебунисо Рустамова солҳои охир ба тарбияи шогирдон машғул аст. Моҳи апрели соли 2024 дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварӣ ифтитоҳ шуд. Имрӯз, дар ин мактаб шогирдони Зебунисо Рустамова тарбия мегиранд.
“Ман бовар дорам, ки дар солҳои наздик камонварӣ дар Тоҷикистон рушд мекунад. Зеро ба барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ онро ворид кардаанд ва далели дигар, фаъолият кардани мактабҳои камонварӣ аст. Ин ҳамаро ба назар гирифта, ояндаи камонвариро дар Тоҷикистон офтобӣ гуфтан мумкин аст. Хушбахтона, ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 мактаби камонварӣ фаъолият мекунанд, ки аз онҳо дутояш дар пойтахтамон ва якеаш дар шаҳри Хуҷанд мебошад. Ҳоло мактаби камонварии шаҳри Хуҷанд ба зинаҳои баланд рафта истодааст” – мегӯяд ӯ.
О. Соҳибзода
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ