Зебуннисо Тоҳириён — Узбекистон

Афсона

Афсонаҷон афсона,

Биё имшаб ба хона.

Бигӯ қиссаи рангин,

Биёвар хоби ширин.

Пеш аз хобам ту нақл кун,

Ҳикояти Фаридун.

Аз қиссаҳои Шаҳрзод,

Бигӯ яке бикун шод.

Зи сеҳри ту, афсона,

Парвоз кунам аз хона.

Гардам саросар гардун,

Бинам макони гулгун.

Даст ба даст бо Парвин,

Афрозам қисса зарин.

***

Савғо

Сабоҳ чашм во кардам,

Наздам сабадча дидам.

Хуршед сӯям мекашид,

Сари кӯяш мекашид.

Давидаму давидам,

Ба кӯҳаке расидам.

Аз зери санг, лаби ҷӯй,

Чидам як бағал ҳулбӯй.

Назди марғзори пурзуф,

Кардам каме таваққуф.

Хеле фаровон чидам,

Ҷағ- ҷағу юғон чидам.

Чидам ҳама ину он,

Аз файзи навбаҳорон.

Гӯям ба ту ташаккур,

Эй хуршедаки пурнур.

Барам ба бобом савғо,

Ба дардаш бахшам шифо.

***

Лухтакча ҷонам, алла!

Гаҳвораро ҷунбонам,

Духтарчаро хобонам.

Лухтакчаам Сарвиноз,

Хеле духтари серноз.

Лухтакча ҷонам, алла,

Ороми ҷонам, алла.

Фардо саҳар бароят,

Куртаи нав бидӯзам.

Бандам лента ба мӯят,

Ба поят туфлӣ дӯзам.

Духтарча ҷонам, алла,

Ороми ҷонам, алла.

Ҳамроҳ ба бозор барам,

Рӯймолу  шалвор харам.

Аз растаи атторӣ,

Бароят гӯшвор харам.

Лухтакча ҷонам, алла,

Ороми ҷонам, алла.

Акнун ту бояд кӯшӣ,

Чашмонатро бипӯшӣ.

Хоби  хушу фароғат,

Мехоҳам аз бароят.

Лухтакча ҷонам, алла,

Ороми ҷонам, алла.

زیب‌النسا طاهریان — ازبکستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *