Зеленский: Русия нияти тасарруфи Украинаро дорад!

Владимир Зеленский, президенти Русия мегӯяд, ки бо оғози даври нави ҳамла ба шарқи Украина, Русия нияти тасарруфи хоки ин кишвар ва изофа кардани ин минтақаҳоро ба қаламрави худ дорад.

Вазорати дифои Украина рӯзи 19-уми апрел гуфт, ки ҳадаф аз ҳамлаи Русия дар шарқи ин кишвар “тасарруфи хок, эҷоди робитаи заминӣ байни минтақаҳои шарқӣ ва Қрим ва пароканда кардани неруҳои мусаллаҳи Украина аст”.

Ба гузориши “Рейтерс”, сухангӯи Вазорати дифои Украина гуфт, ки неруҳои русӣ дар хати пеши ҷанг дар шарқи он кишвар даст ба ҳамла зада, “барои тангтар кардани ҳалқаи муҳосираи Мариупол дар ҷануб низ фишор меоваранд”. “Неруҳои Русия талош мекунанд ҳама шаҳрҳои минтақаҳои Луганск ва Донетскро муҳосира кунанд”,- афзудааст ӯ.

Ба қавли сухангӯи Вазорати дифои Украина, Маскав мехоҳад бо тасарруфи ин минтақаҳои шарқии Украина ва ҳамчунин шаҳри бандарии Мариупол, роҳи заминӣ барои худ то нимҷазираи Қримро боз кунад.

Михаил Подоляк, як музокиракунандаи украинӣ гуфт, ки муҳосираи Мариупол аз тарафи Русия музокирот байни Маскав ва Киевро дар бораи поён додани ҷанг «печида» кардааст.

Бори охир Русияву Украина ба таври мустақим барои оташбас ва сулҳ рӯзи 20-уми март дар Истанбули Туркия мулоқот карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *