Зеленский шарти оташбас дар Украинаро вазифаи аввалиндараҷаи кишвараш номид
Зеленский шарти оташбас дар Украинаро ҳамчунин вазифаи аввалиндараҷаи кишвараш номид. Раисиҷумҳури Украина дар мусоҳибаи нав бо рӯзномаи Wall Street Journal гуфт, ки оташбас дар Украина танҳо дар сурате имконпазир аст, ки мақомоти Русия ба созишҳои дипломатӣ манфиатдор бошанд.
Ба унвони мисол, Зеленский вазъи Мариуполии муҳосирашударо мисол овард, ки чанде қабл онҳо ба кӯчонидани мардуми осоишта аз таҳхонаҳои корхонаи «Азовсталь» шурӯъ карданд. Ин раванд бо мусоидати СММ ташкил карда шудааст.
«Бо вуҷуди ин, онҳо то ҳол тирборон ва бомбаборон мекунанд. Ба мо оташбас лозим аст. Аммо ин он замон имконпазир мешавад, ки муколама ва гуфтугӯи раҳбарони ду кишвар сурат бигирад. Агар мо бо президент Путин мулоқот кунем, пас то он вақт оташбас ҳосил мешавад. Он гоҳ мо метавонем шахсан бо ӯ розӣ шавем, ки мо бояд ӯҳдадориҳои шахсӣ оид ба оташбасро бигирем, беҳтараш оммавӣ», — гуфт Зеленский. Ҳамзамон, ӯ ба таври ҷудогона таъкид кард, ки оташбас маънои онро надорад, ки нерӯҳои Русия дар мавқеъҳои кунунии худ бимонанд ва Украина низоъи нави яхбастаро мегирад.
«Мо ях намекунем…», таъкид мекунад президент. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло вазифаи рақами як барои Украина барқарор кардани тамомияти арзии он аст. «Барқарор кардани тамомияти арзӣ вазифаи рақами яки мост.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ