Зеленский тавассути миёнаравҳо мехоҳад бо Путин гуфтугӯ кунад
Президенти Украина Владимир Зеленский гуфт, ки танҳо тавассути миёнаравҳо бо ҳамтои русаш Владимир Путин гуфтугӯ мекунад.
Зеленский гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир имкони гуфтугӯ миёни раҳбарони Русия ва Украина танҳо аз ин тариқ вуҷуд дорад.
Ҳамчунин, ӯ таъкид кард, ки феълан бо шарикони ғарбии кишвараш дар бораи дарёфти мушакҳои дурпарвоз ва ҳадаф қарор додани пойгоҳҳои Русия гуфтугӯ дорад.
Кремл борҳо эълон кардааст, ки бо Украина дар ҳоле гуфтугӯ мекунад, ки Киев вилоятҳои ишғолӣ, аз ҷумла Қримро ҷузъи қаламрави Русия эътироф кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ