“Зеленский” ва «Байден»-ро дар Мексика сӯзонданд. Боз навбати кӣ аст?
Дар Мексика пас аз танаффуси дусолаи марбут ба пандемия анъанаи сӯзондани ҳайкали Яҳудо дар Пасха аз сар гирифта шуд.
Аксар вақт ҷои Исқариотро сиёсатмадорон ишғол мекунанд. Рӯзи якшанбе дар яке аз хиёбонҳои Мехико як зарфи картонӣ, сурати Ҷо Байден дар тасвири шайтон ва миниётураи Владимир Зеленский сӯзонда шуд.
Дар байни “сӯхташудагон” президенти Русия набуд. Ба гуфтаи Эдуардо Родригес, ки муаллифи асарҳои картонӣ аст, масъулияти барангехтани ҷанг бар дӯши Украина ва НАТО аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ