Зеристгоҳи барқи 220 кВ-и «Роғун» ба истифода дода шуд

Имрӯз, 27 сентбяр бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон хатти интиқоли барқи 220 кВ аз Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 кВ-и НБО «Роғун» то зеристгоҳи барқии «Роғун» мавриди истифода қарор дода шуд.

Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки баъд аз навсозӣ ва васеънамоии зеристгоҳи мазкур барқи истеҳсолгардидаи НБО «Роғун» тавассути хатти барқии 220 кВ аз дастгоҳи тақсимоти пӯшидаи элегазии – 220 кВ-и НБО «Роғун» то дастгоҳи тақсимоти кушодаи зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и «Роғун» интиқол ёфта, ба низоми ягонаи энергетикии кишвар пайванд мешавад.

“Зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и «Роғун» баъд аз навсозӣ сокинони шаҳри Роғун, ноҳияҳои водии Рашт, Файзобод ва қисман шаҳри Ваҳдатро доимӣ бо барқ таъмин менамояд”,-иттилоъ медиҳад маркази матбуоти Сарвари давлат.

Зеристгоҳ барои таъмини аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ бо барқ пешбинӣ гардида, бо таҷҳизоту технологияи нав муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *