Зеризаминӣ ё рӯйизаминӣ. Метрои Душанбе чӣ гуна хоҳад шуд?

Дар Душанбе бори дигар масъалаи сохтмони метро мавриди барассӣ қарор гирифт. Намояндагони Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ омодагиҳо ба сохтмони метро ва масъалаи зиризаминӣ ва ё рӯйизаминӣ шудани онро матраҳ намуданд.

Пешниҳоди Азим Иброҳим

Аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки нишасти мазкур рӯзи 27-уми сентябр бо ширкати Азим Иброҳим, вазири нақлиёт, Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо, Фирдавс Саидзода, муовини шаҳрдори Душанбе, Ҷон Сонг Шик, сафири фавқулода ва мухтори Корея дар Тоҷикистон, Банг Мундҷин, менеҷери ширкати “Роҳи оҳани миллии Корея”, чанд корхонаи кореягӣ, ки ба сохтмони метро ҷалб шудаанд, инчунин, мутахассисони соҳаи роҳу нақлиёти ҳарду кишвар баргузор шуд.

Азим Иброҳим дар ин нишаст гуфт, ки зарурати сохтмони метро ба зиёд гардидани аҳолии пойтахт ва меҳмонони он вобастагӣ дорад.

Ба таъкиди ӯ, сохтмони метро аз афзун шудани шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва тамбашавии оянда дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе пешгирӣ мекунад.

“Тибқи хулосаи пешакӣ, бо назардошти тамбашавии пайваста ва аз меъёр зиёд шудани шумораи воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Душанбе, зарурати сохтмони метрои зеризаминӣ дар шаҳри Душанбе ба мақсад мувофиқ мебошад”,- таъкид кардааст ӯ.

Вазир ҳамчунин изҳор доштааст, ки сохтмони метрои зеризаминӣ дар нақшаи генералии шаҳри Душанбе низ пешбинӣ гардидааст.

Метрои рӯйизаминӣ

Ёдовар мешавем, ки қаблан гуфта мешуд, метрои Душанбе рӯйизаминӣ хоҳад шуд. Соли 2023 Раҳим Бобозода, муовини якуми вазири нақлиёти Тоҷикистон дар суҳбат бо рӯзномаи “Садои мардум”, нашрияи парлумони Тоҷикистон хабар дод, ки аз Дарвозаи ҷанубӣ (самти минтақаи Бохтар) то бинои Сирки давлатӣ бунёди метрои рӯйизаминӣ ба масофаи беш аз 10 км ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин бора “Тоҷикистон” низ дар такя ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон матлабе ба нашр расонида буд.

“Шарту талабот, арзиши лоиҳаи мазкур ва шароити масири эҳтимолии сохтмони роҳи оҳани шаҳри Душанберо, ки тибқи нақшаи генералӣ аз дарвозаи Ҷанубӣ то Сирки давлатӣ ба масофаи 10,5 километр тӯл мекашад, ба назар гирифта, истифодаи нақлиёти роҳи оҳани шаҳрии LRT (системаи метрои сабук) мувофиқи мақсад шуморида шуд”,- гуфта буд Раҳим Бобозода.

Бобозода гуфта буд, ки дар хусуси сохтмони метро дархости молиявӣ ба Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Корея ирсол гардида, 14-уми марти соли 2022 “Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ барои асосноккунии техникӣ — иқтисодӣ ва омода кардани мутахассисони маҳаллӣ барои анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва истифодаи технологияҳои муосири Ҷумҳурии Корея дар самти нақлиёти метро” ба имзо расидааст.

Ҳанӯз номаълум

Як манбаъ аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳанӯз тасмими ниҳоӣ дар мавриди рӯйизаминӣ ё зеризаминӣ шудани метрои Душанбе гирифта нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки 22-юми августи соли 2023 Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Бонки содиротию воридотии Кореяи Ҷанубӣ («Эксимбонк») ҷиҳати маблағгузории омӯзиши пешакӣ ва асосноккунии техникию иқтисодии сохтмони метрополитен дар Душанбе ёддошти тафоҳум ба тасвиб расониданд. Намояндагони бонк розӣ шуданд, ки инчунин таҳияи муфассали лоиҳаро низ  маблағгузорӣ кунанд. Гуфта мешавад, ки Бонки Кореяи Ҷанубӣ барои гузаронидани корҳои пешакӣ 200 ҳазор доллар ҷудо мекунад.

Д. ҚОДИРПУР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *