“Зеркало” –оинае,ки хира шуд

Имрӯз дар нишасти матбуотии Вазоратӣ адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини аввали ин сохтор Асадулло Ҳакимзода изҳор дошт,ки бо дархости онҳо фаъолияти “Зеркало”-Маркази назарпурсии мустақил манъ кард шуд.

Тавре ӯ изҳор дошт, ин тасмимро суд дар асоси он қабул кард, ки ташкилоти мазкур баъзе аз нуқтаҳои муҳимми фаъолияти худро бо қонуншиканӣ ба анҷом расонидааст.

Аз ҷумла, ӯ гуфт: «Вазорати адлия ба тариқи хаттӣ ба ташкилот огоҳинома ирсол кард. Дар муҳлати як моҳ камбудиҳо, ки бартараф нашуд, мо муроҷиат кардем ба Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ”. Таври маълум, ин ташкилот назарпурсиҳои худро дар асоси пурсиши сокинони кишвар дар мавриди масъалаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ ба роҳ монда буд.Тавре,ки роҳбари он Қаҳрамон Бақозода гуфтаааст, санҷиши Вазорати адлия ҳанӯз охири соли гузашта анҷом шуд ва мақомот барои ислоҳи эродҳо як моҳ муҳлат доданд. “Моҳи март эродҳоро аз рӯи огоҳинома ислоҳ карда, ҳуҷҷатҳоро ба Вазорати адлия пешниҳод кардем. Вазорат гуфт, ки мо аллакай ба додгоҳ равон кардем. Мо қисмати асосии эродҳои вазоратро ислоҳ кардем. Оё фаъолияти ин ташкилот пас аз сипарӣ шудани муҳлати муайяннамудаи суд барқарор мешавад ё не, ҳанӯз маълум нест.
А.А.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *