Жак Ширак дар синни 86-солагӣ дунёро тарк кард

Собиқ  Президенти Франсия Жак Рене Ширак субҳи 26-уми сентябр  аз олам даргузашт. Номбурда 86 сол дошта, ҳамчун  аз чехраҳои бонуфузи сиёсати ҷаҳон ва Франсия дониста мешуд.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Жан-Мишел Фредерик Макрон барқияи тасаллият ирсол намуд.

«Ҷаноби Олӣ, хабари реҳлати собиқ Президенти Франсия Жак Рене Ширак боиси андӯҳи мо гардид.

Ҷаноби Жак Рене Ширак бо фаъолияти доманадори худ дар маснади олии Президенти Ҷумҳурии Франсия ҳамчун сиёсатмадор ва шахсияти боризи давлатӣ дар арсаи байналмилалӣ обрӯву эътибори баланд пайдо карда буд.

Ҷониби Тоҷикистон саҳми марҳумро дар рушду тавсеаи равобити нек ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Франсия қадрдонӣ менамояд ва ба шахсияти ӯ сидқан эҳтиром мегузорад.

Лутфан таъзияву тасаллияти амиқи ин ҷонибро ба ҳамаи пайвандону наздикони марҳум, ҳамчунин ба тамоми мардуми дӯсти Франсия бирасонед»-омадааст дар барқияи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.

Жак Ширак  аз соли 1995 то соли 2007 мақоми Президенти  Франсияро бар зимма дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *