Жапаров: Ҳалли мушкилоти сарҳад таҳаммулпазирӣ мехоҳад
— Ҳалли масъалаҳои баҳсбарангези сарҳадӣ таҳаммулпазирии дақиқ ва пайгиронаро талаб мекунад,- мегӯяд раҳбари Қирғизистон.
Қитъаҳои баҳсбарангези марзи Қирғизистону Тоҷикистон як масъалаи мушкили Қирғизистон аст. Дар ин бора Садир Жапаров, раисиҷумҳури Қирғизистон зимни суханронӣ ба шаҳрвандон дар солгарди муноқиша дар марз бо Тоҷикистон изҳор дошт.
«Масъалаҳои марбут ба мавзеҳои баҳсбарангези сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон то ҳол мушкил боқӣ мондаанд. Ҳалли онҳо аз мо таҳаммулпазирии дақиқ ва мувофиқатро тақозо мекунад»,- таъкид кард сарвари давлат. Ба эътиқоди ӯ, ҳаводиси ахири ҷаҳон нишон дод, ки «масъалаи марз бо кишварҳои ҳамсоя бояд танҳо аз тариқи муколамаи сулҳомез ва эҳтироми ҳамдигар ҳал шавад».
Раҳбари ҷумҳурӣ гуфт, ки комиссияи байнидавлатии ҳалли низоъ корашро идома дода, масъалаҳо дар қитъаҳои баҳсбарангези сарҳади давлатӣ ҳал мешаванд.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфта буд, Душанбе манфиатдор аст, ки ҷудошавии марз бо Қирғизистон ҳарчи зудтар анҷом дода шавад. Аммо дар ин баробар, ӯ қайд кард, ки ин як раванди тӯлонӣ аст, ки аз ҳарду ҷониб талошҳои зиёди талаб мекунад.
Ёдовар мешавем, ки 28-уми апрели соли 2021 дар марзи ду кишвар миёни сокинони маҳаллӣ муноқишаи шадид рух дода буд. Дар мавзеи обгири «Сар», ки дар болооби дарёи Исфара воқеъ аст, муноқишаи мусаллаҳона ба амал омад. Задухӯрди байни сокинони маҳаллӣ бо задухӯрди низомӣ анҷом ёфт. Мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон муътақиданд, ки иншооти тақсими об дар қаламрави онҳо воқеъ аст, аммо то ҳол моликияти ин гиреҳ мушаххас нашудааст.
Худи рӯзи дигар, 29-уми апрел, низоъ миёни сокинони маҳаллӣ ба бархӯрди мусаллаҳонаи миёни низомиён табдил ёфт. Даргирӣ миёни марзбонони қирғиз ва тоҷик беш аз шаш соат идома кард. Вазирони хориҷа ва нахуствазирони ду кишвар дар мавриди оташбас ва хуруҷи таҷҳизоти низомӣ музокироти изтирорӣ анҷом доданд, аммо рӯзи дигар табодули оташ аз сар гирифта шуд.
Бар асари ин даргирӣ 19 шаҳрванди Тоҷикистон бар асари тирпарронӣ ба ҳалокат расида, 87 нафари дигар, аз ҷумла раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода низ дар дараҷаи мухталиф ҷароҳат бардоштаанд. Ҷониби Қирғизистон 36 кушта ва тақрибан 200 захмӣ эълон кард.
Территорияҳои тақсимнашавандаи байни ҷумҳуриятҳо давра ба давра ба минтақаи ҷанг табдил меёбанд. Сабаби асосӣ — ин қитъаҳои ҷудонашуда мебошад, ки дар он ҷо муайян кардани чӣ гуна будани сарҳад ғайриимкон аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ