Жило Гулназарзода: Нақши хатмкардагони донишкада дар бозори меҳнат хуб аст

Дар нишасти матбуотии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Жило Гулназарзода — ректори донишкада иброз дошт, ки «дар ин давра аз донишкада 200 нафар бо сабабҳои аз бар накардани барномаи таълим, бесабаб иштирок накардан дар раванди таълим, насупоридани қарзҳои академӣ ва барнагаштан пас аз рухсатии академӣ хориҷ гардидаанд».

Ҳамзамон, Жило Гулназарзода қайд намуд, ки аз ҳама риштаҳои серхаридор дар донишкада ихтисосҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони олмонӣ ва забони англисӣ ба шумор мераванд. Ӯ нақши хатмкардагони донишкадаро дар бозори меҳнати ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷӣ хуб арзёбӣ намуд.

Ёдовар мешавем, ки дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода аз рӯи 41 ихтисос 5101 нафар донишҷӯ таҳсил мекунанд. Аз ин шумора 3203 нафар дар шуъбаи рӯзона, 1796 нафар дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ, 72 нафар дар зинаи магистратура ва 30 нафар дар зинаи докторантура фаро гирифта шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *