Жириновский:- ҷаҳон бояд «Толибон» -ро эътироф кунад…
Нигарониҳо меравад, ки «Толибон», ҳатман ҳокимиятро дар Афғонистон ба даст меоранд. Дар ин бора РИА Новости бо такя ба шабакаи Telegram-и раҳбари ҳизби либерал -демократи Русия Владимир Жириновский хабар додааст.
Ба гуфти ин сиёсатмадор, «Иёлоти Муттаҳида фаромӯш кардааст, ки маҳз онҳо «Толибон» -ро барои мубориза бо нерӯҳои Шӯравӣ созмон доданд».
«Низомиёни мо аз он ҷо рафтанд, аммо «Толибон» монданд. Ва акнун ҷаҳон онҳоро бояд ҳамчун ҳукумати Афғонистон эътироф кунад», — гуфт Жириновский.
Вай қайд кард, ки Русия бояд фикри мақомоти нави давлатро ба инобат гирад.
«Кишвари мо вазифадор аст бо онҳое, ки ин ҷумҳурии исломиро роҳбарӣ мекунанд, ҳисоб кунад», — гуфт Жириновский.
Он, ки ҳукумати Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон суқут хоҳад кард, борҳо аз ҷониби сиёсатмадорон ва коршиносони ҷаҳонӣ садо додааст.
Аммо, президенти ҷумҳурӣ Ашраф Ғанӣ мутмаин аст, ки сарфи назар аз замонҳои душвор, кишвар тавони паси сар кардани ҳамлаи «Толибон» — ро дорад.
Зикр менамоем, ки ҷангиёни «Толибон» дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои ИМА ва НАТО аз Афғонистон фаъолтар шуданд. Ҷангҷӯён забт кардани музофотҳо ва шаҳрҳои кишварро идома медиҳанд.
Қаблан вазорати дифоъи Афғонистон аз маҳви яке аз пешвоёни «Толибон» Азиз Раҳмон хабар дод. Ҷангҷӯ дар як ҳамлаи ҳавоӣ нобуд карда шуд.
Дар маҷмӯъ, дар давоми рӯзи гузашта, сарбозони ҳукуматӣ 267 «Толибон» — ро аз байн бурданд.
Шумораи радикалҳои маҷрӯҳ ба 119 нафар расид. Дар ҳоли ҳозир, «Толибон» дар манотиқи гуногуни шаҳри Ғазнӣ, 100-километр ҷанубтар аз Кобул, қарор доранд.
Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ намедонем ба чи такя мекунад ва чаро чунин як боварии том дорад, ки дар муқобили Толибоне истодагарӣ кард маетавонад? Магар он чӣ мебинему мешнунавем, ки Толибон аз нисф зиёди Афғонистонро гирифтанд ва мардуми маҳаллӣ бесарпаноҳ мондаву гуреза шудаанд ва зери тасарруфи худ даровардани 70 дар сади марзи Афғонистон ҳанӯз ҳам ҷойи нигарониро дорад? Гумон меравад, ки дар ин миён Президент Ашраф Ғанӣ шомили кадом як бозиҳои сиёсӣ гашта, ба ҳукумати кишвараш бо хиёнате даст задааст. Агар ӯ тавони паси сар кардани ҳамлаҳои Толибонро дошта бошд, пас то ба имрӯз нигаронии ӯ чист?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ