Жириновский аз олам гузашт (аудио)
Имрӯз, 6-уми апрел баъд аз нисфирӯзӣ Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократи Русия баъд аз бемории вазнини «омикрон» аз олам даргузашт. Дар ин бора расман Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия хабар додааст.
Қаблан гуфта мешуд, ки Владимир Жириновский баъди гирифтор шудан аз штами нави коронавирус, ду ҳафта онро пинҳон доштааст. Баъдан, вақте дар беморхона бистарӣ шуд, боз расонаӣ шуд, ки ӯ сахт бемор аст. Бино бар иттилои расида, шуши ӯ 50-70% осеб дидааст.
Владимир Жириновский 75 сол дошта, аз сиёсатмадорони сахт интиқодгар ном бурда мешавад. Ӯ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон таваллуд шудааст.
Раиси Ҳизби либерал-демократи Русия Владимир Жириновский охирон маротиба моҳи феврали соли 2018 ба Душанбе омада буд. Ӯ аз ҷумла дар мулоқот бо намояндаҳои расмии Тоҷикистон роҷеъ ба дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Русия ибрози назар намуда, гуфта буд, ки «Эмомалӣ Раҳмон яке аз сиёсатмадорони бонуфуз ва соҳибэътибор дар Русия мебошад. Ӯ ҳамчунин яке аз президентҳои соҳибэҳтиром дар фазои пасошӯравӣ аст. Тоҷикистон дорои манобеи бузурги иқтисодию энергетикӣ дар бозори меҳнат мебошад, Русия дорои имкониятҳои молиявӣ аст. Мо бояд ин захираҳоро муттаҳид намоем ва ин ҳам ба манфиати Москва ва ҳам ба нафъи Душанбе мебошад».
Владимир Жириновский дар доираи сафари корӣ ба Тоҷикистон аз Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, «Кохи Наврӯз» ва ангурбоғҳои шаҳри Турсунзода дидан намуда, аз меҳмондории мардуми кишвар дар ҳайрат монда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ