Жириновский: Лукашенкоро тақдири Янукович интизор аст
Вакили парлумони Русия, раиси Ҳизби либерал демократи ин кишвар Владимир Жириновский бо эътирозгарон дар Беларус ҳамрайъии худро эълон намуд ва озодии рӯзноманигорони дар он ҷо боздоштшударо талаб кард.
Раҳбари демократҳои либералӣ таъкид кард, ки президенти кунунии Беларус Александр Лукашенко эътимоди мардуми худро аз даст додааст ва сарнавишти собиқ президенти Украина Виктор Янукович ӯро интизор аст . “Ман бо ҳамаи онҳое, ки дар Беларус ба таъқибот дучор омадаанд, дар навбати аввал, бо рӯзноманигорони боздоштшудаи “Дожд” ҳамрайъии худро баён мекунам. Онҳо бояд раҳо карда шаванд. Интихобкунандагон аллакай аз эътимод ба Лукашенко даст кашиданд. Александр Григорьевич ба сарнавишти Янукович рӯбарӯ хоҳад шуд” — навиштааст Жириновский.
Дар пойтахти Беларус тазоҳурот идома доранд, онҳо пас аз баста шудани участкаҳои интихоботӣ оғоз шуданд. 9 август дар ҷумҳурӣ интихоботи президентӣ баргузор шуд. Тибқи маълумоти пешакии Комиссияи марказии интихоботӣ, президенти кунунӣ Александр Лукашенко 81,35% овозҳоро ба даст овардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ