Жириновский: Русия бояд ба Тоҷикистон кумак кунад

Сарфи назар кардани мушкили Афғонистон ба ҳуҷуми террористон ба Осиёи Марказӣ оварда мерасонад

Русия бояд барои рафъи ҳамагуна таҳдидҳо аз Афғонистон ба Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон кумак кунад.

Дар ин бора дар суҳбат бо шабкаи телевизионии «Россия 24» раҳбари ҳизби либерал-демократи Русия Владимир Жириновский ҳарф зад.

Ба гуфти ӯ, чунин тадбир яке аз роҳи ҳалли мушкили Афғонистон хоҳад буд.

Русия метавонад ҳукумати нави Афғонистонро эътироф накунад ва дар робита ба бад шудани авзои кишвар ягон тадбирандешӣ нанамояд, аммо он гоҳ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ «гурӯҳи ҷиноятпешаи ДОИШ*» ворид мешавад, изҳор дошт Жириновский.

Ҳамчунин ба ақидаи ӯ, тақсимоти кишвар метавонад роҳи ҳалл бошад.

Ҳазорон шаҳрвандони кишвар аз тарси Толибон* ба фурудгоҳ рехтанд. Ин ягона роҳи аз кишвар баромадан ё фирор кардан аст, чун ҳамаи гузаргоҳҳои марзӣ таҳти назорати Толбион* қарор дорад.

Аксари кишварҳо ҳавопаймоҳои худро ба фурудгоҳ фиристоданд, то хизматчиёни давлатӣ ва шаҳрвандонашонро берун кунанд. Пас аз чанд вақт, Толибон* аз қатъи парвозҳои шаҳрвандӣ гуфтанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *