Жириновскийро суд карда истодаанд, мумкин 12 сол ҳукм гирад
Мурофиаи судӣ дар ғайби ин афрод баргузор мешавад. Ҳамаи онҳоро прокурорҳои Украина ба терроризм муттаҳам мекунанд.
Дар додгоҳи ноҳияи Шевченский дар шаҳри Киев муҳокимаи парвандаи ҷиноии Владимир Жириновский, сиёсатмадори ҷанҷолии Русия ва раиси Ҳизби либерал-демократ оғоз ёфт. Бар асоси ин парванда, ду узви дигари ин ҳизб Михаил Дегтерёв — губернатори кишвари Хабаровск ва Алексей Диденко — раҳбари ҷиноҳи ҳизб дар порлумони Русия низ муҳокима мешаванд. Мурофиаи судӣ дар ғайби ин афрод баргузор мешавад. Ҳамаи онҳоро прокурорҳои Украина ба терроризм муттаҳам мекунанд. Ба гуфтаи муфаттишони украинӣ, сиёсатмадорони рус дар “таъмини молии” минтақаҳои ҷудоиталаби Донестк ва Лугански Украина саҳм доштаанд. Раҳбарони ин ду вилоятро, ки худро мустақил эълон кардаанд, мақомоти Украина террорист мешуморад. Бар асоси қонунҳои Украина, дар сурати боздошти сиёсатмадорони рус дар қаламрави он кишвар мумкин аст, онҳоро барои сармоягузории терроризм ба 12 соли зиндон маҳкум кунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ