Жириновский  Тоҷикистонро ба Русия ҳамроҳ кард?

Орзуи “масхарабоз”

Раиси ҳизби либералӣ-демократии Русия Владимир Жириновский, ки ӯро дар Тоҷикистон ба шарофати гуфтаҳояш дар мавриди кишвари мо машҳур аст, боз як орзуи худро дар рӯи коғаз амалӣ намуд. Ин сиёсатмадор, ки ӯро аксар вақт “масхарабози Кремл” ҳам мегӯянд, дар нутқи хотимавиаш,ки онро ба муносибати аз сари вазифаи президентӣ рафтанаш дар соли 2036 қироат карданист, навиштааст, ки Тоҷикистон ва Озарбойҷон бо Русия  ҳамроҳ карда шуданд. Яъне ӯ мехоҳад дар давраи президентиаш, ки баъд аз шаш маротиба пешниҳод намудани номазадиаш мағлуб гардид, бори ҳафтум ғолиб омада, ин орзуяшро амалӣ намояд. Чаро маҳз Тоҷикистон ин қадар барои  Жириновский  “азиз” аст? Жириновский,ки мутахассиси шарқшинос  аст, аз таърихи тоҷикон хуб огаҳӣ дорад  ва  медонад, ки ин мардум фарҳанги баланд, таърихи бой ва менталитети беандоза толерантӣ доранд. Онҳо бо пайвастан бо “Русияи ношуста” (“немытая Россия». Михаил  Лермонтов.) эътибори он кишварро хеле меафзоянд ва обрӯи рехтаашро дар байни кишварҳои ҷаҳон боло мебаранд. Ҳарчанд Владимир Волфович “масхарабоз” аст,  аммо ҳаргиз  нодон нест. Агар чунин намебуд, магар дар синни ҳафтодсолагӣ (ӯ 25 апрели ҳамин сол ба 70 медарояд) бо сиёсатмадорони ҷавон ба мисли Собчак, ки ӯро ҳатто ба гиря кардан водор намуд, инчунин дигар номзадҳо ба маснади  президентии Русия  сар ба сар шуда метавонист? Ӯ чӣ тавр  бо эҳсосоти  шунавандагонаш бозӣ карданро хуб медонад ва новобаста ба он ки ҳамеша дар ин сабқат мағлуб мегардад, идеяҳои фантастикии худро ба шунавандагонаш мерасонад. Дар Кремл медонанд, ки Жириновский ҳаргиз президент намешавад. Аммо аз ӯ дар бисёр мавридҳо истифода мебаранд. Масалан, айни замон,  вақте ки  аксари кулли кишварҳои аврупоӣ ба муқобили Русия таҳримҳои нав ба нав ҷорӣ мекунанд ва ё дипломатҳои Русияро аз кишварҳояшон меронанд, Жириновский бо таҳдидҳои худ ҳамчун рупори Кремл хизмат мекунад. Ин аст, ки ӯ айни замон барои Путин лозим аст ва бигзор бо идеяҳои фантастикиаш мардумро машғул дошта истад. Аммо Худо медонад, ки ӯ ба синни навадсолагиаш,ки нутқи охирини худро дар ҳамон ҷо, замоне ки Тоҷикистон  аллакай ба  Русия ҳамроҳ карда шудааст, мерасад ё  не?  Ё Владимир Жириновский аввалин “зелёние  человечки”-и  Русия аст?

А.АҲМАДЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *