Жола Исфаҳонӣ — Эрон

Калиди рамзи раҳоӣ

Ман аз сапедаи шабҳои сард омадаам,

Зи авҷи қуллаи умеду дард омадаам.

Ба ишқи нуру насим,

Ба дасти оташу хун ва набард омадаам,

Ки бо ғурур диҳам, шарҳ қаҳрамониҳо.

Дилам пур аз ташвиш,

Ва тору пуди вуҷудам, ҷовидонаҳои умед.

Барои куштаи имрўзу ҳосили фардо,

Чу нимрўз гузаштам зи кўи донишгоҳ.

Дар он талоқии шарқи қадиму ғарби мудерн,

Ки ҳаст мавҷзанон рубарўи донишгоҳ,

Ба хеш гуфтам, шеъре чигуна бояд гуфт?

Ки ин ҳама дилу ҷонро ба ҳам диҳад пайванд.

Ва роҳи тоза кушояд ба қуллаҳои баланд,

Паранда нағмазанон ошёна месозад.

Ватан азизтарин ишқу ошёнаи мост,

Ҳар он гуле, ки дар он рўяд, аз ҷавонаи мост,

В-агар хароб шавад, нанги ҷовидонаи мост.

Зи дашти оташу хун касби вожа кун, шоир,

Биёфарин шеъре,

Ба вазни азми далерон.

Ба устувории гоми балани ҷонбозон,

Ки мераванд ба майдони як ҷиҳоди бузург,

Дар ин ҳамосаи хунин,

Калиди рамзи раҳоист, иттиҳоди бузург.

***

Шабхезон

Ту эй фалоти зебо, ту эй кавири кабир,

Ки қуллаҳои ҳазорон ҳазорсолаи ту,

Ба зери ҳолаи барф аст,

Ва сўзи оташи жарфи замин ба синаи туст.

Диёри нафту гули сурх,

Балои ҷони ту, ин сарват асту зебоӣ.

Ки чашмҳои тамаъ, хира бар хазинаи туст,

Баҳори боғи ту чун қолли «Баҳористон»,

Ки тикка-тикка гулҳош, рехта ба замин.

Ва лолаҳои ту, шамъи мазори сарвқадон,

Ки пушта-пушта шаҳидони корзорастанд.

Басо, ки тозаҷавонони бемазорастанд

Ки ҷуз насим, бар онҳо касе гузар накунад,

(Араб, чиҳо, ки наёвардааст бар сари ту?)

(Муҳоҷимони муқассир, на халқи хайрандеш)

Диёри разми раҳоӣ,

Даруни оташу хун обдида пайкари ту.

Ту паҳлавони асотири асрҳо ҳастӣ,

Ту зодгоҳи Абўмуслимию Хуррамдин.

Ба ҳар ки шак кунад инро, ҳазорҳо нафрин,

Ки қаҳрамонон дар доманат фаровонанд,

Ва шабхезон, ҳарими марзи туро то саҳар нигаҳбонанд.

***

Оташдон

Баҳорон аст,

Ту дар ҳар барги сабзу ҳар гули наврустаӣ,

Бо ман сухан гўӣ.

Зи рози рустану растан,

Табарҳо хўрдан аз тақдиру нашкастан.

Шаби тори биёбонҳо,

Чу оташдон баҷо мондан, ба роҳи корвонҳое,

Ки тўфон бурдашон, бар сарзамини дури афсона,

Саровардан бурун аз зери хокистар.

Ба сўи осмонҳо, шуълавар гаштан,

Ба умеде

Ки аз роҳи корвони навсафар ояд,

Пуровозатар ва пурбортар ояд,

Ва оташдон шавад, ҳар дам фаровонтар.

ژاله اصفهانی- ایران

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *