Журналист ҷӯраи вазир аст ё ҷӯраи халқ?

 

Ҷавоб ба мақолаи А. Аҳмадзода «Арифметикаи одӣ, картошка қимат шуд, ман хурсанд»

 

Ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе баробари ба кор омадан ҳафтаномаҳоро варақ зада, баъд аз паси дигар корҳоям мешавам. Ин ҳафта, низ тибқи одат, аввал ҳафтаномаи «Тоҷикистон»-ро ба даст гирифтам. Диққати маро акси саҳифаи аввали ҳафтанома ба худ кашид. Як ғарам картошка ва дар дохили он чеҳраи хандони марде, ки даҳон то бехи гӯш кушода, қаноатмандона табассум мекунад. Навиштаҷоти зери ин сурати аҷиб «Аз болоравии нархи картошка хурсандам!» маро ба он водор намуд, ки тамоми кору борамро як тараф гузошта, ин маводро мутолиа намоям, зеро болоравии нархи картошка имрӯз ҳар як сокини кишварро ба ташвиш овардааст. Ростӣ, гумон доштам журналист бо танз «Аз болоравии нархи картошка хурсандам» навиштааст, вале вақте маводро хондам, ҳуш аз сарам парид.

Ҳамкасбу ҳамқалами гиромии мо Аҳмадзода менависад: «Картошка қимат шуд, ман хурсанд! Пиёз қимат шуд, боз бештар хурсанд шудам….». Боварам намеомад, ки ин суханонро ҳамин Ҳоҷибобо, ки мисли аксари мо, одамони моҳонахӯр ҳамеша киссаҳояш аз боди велгарди бепулӣ ҳуштак мекашанд, навишта бошад. «Аз афташ ин мардак аз алами болоравии нархҳо ба шӯхӣ гузаштааст»,- гӯён, идомаи мақоларо хондам ва боварӣ ҳосил кардам, ки Аҳмадзода шӯхӣ намекунад. Вай дар ҳақиқат аз болоравии нархи картошка чунон хурсанд аст, ки аз шодӣ дар куртааш намеғунҷад. Ӯ аз нишасти матбуотии Вазорати кишоварзӣ ёдовар шуда менависад: «Дар рӯ ба рӯйи хабарнигорон Иззатулло Сатторӣ (вазири кишоварзӣ) боз як андешаи худро баён дошт, ки ба ман хеле маъқул шуд. Ӯ гуфт, даврае, ки сабзӣ 20 дираму картошка 50-60 дирам буд ва деҳқон зарар медид, гузашт. Ҳақ ба ҷониби ӯст ва мо бояд ба ин одат кунем…».

Дар идомаи суханаш ба тақвияти гуфтаҳои вазир Аҳмадзода болоравии нархи барқ, тайёра ва боз ким-чиҳои дигарро мисол оварда мегӯяд, чаро вақте арзиши ин хизматрасониҳо боло меравад, касе чизе намегӯяду чун картошка қимат шуд, ҳамагӣ ба таҳлука меафтем, ки чаро нархҳоро назорат намекунанд. Муҳтарам  Аҳмадзода, аввалан оиди болоравии нархи тайёра гуфтанд ва на як бору ду бор, баъдан фарқ байни нархи чиптаи ҳавопаймо ва картошка аз замин то осмон аст. Мардуми тоҷик он қадар бою бадавлат нестанд, ки ҳар ҳафта ба сайри ҷаҳон раванд. Баъзеҳо шояд дар умрашон ягон бор ба тайёра нанишаста бошанд, аз ин рӯ, баланд рафтани нархи парвоз мардумро сахт ба ташвиш намеорад. Картошка бошад, баъди гандум хӯроки асосии мо, тоҷикон аст. Бе ин ҳам вазъи иқтисодии зиндагии мардум паст буда, имкони эрка кардани шиками худро надоранд. Оилаҳое ҳастанд, ки рӯйи гӯштро моҳҳо намебинанд. Ягона хӯрокаи дастрас барои ин мардум ҳамин картошка буд, вале нархи он низ ба осмони ҳафтум дакка хӯрдааст, шумо бошед, ба ҷойи ҳимоя намудани манфиатҳои халқ ва расонидани ин мушкилот ба гӯши масъулини соҳа, вазири кишоварзиро дастгирӣ намуда, аз болоравии нархи картошкаю пиёз хурсанд шудам, мегӯед ва ҳатто ҳадс мезанед, ки дар фасли зимистон нархҳо аз ин ҳам болотар хоҳанд рафт. Шумо дар мақолаатон ба таври худ аз марди деҳқонон пуштибонӣ намудаед, вале фикр намекунед, ки аз болоравии нархи ин маҳсулот ҳадди ақал 80%-и аҳолии кишвар зарар мебинанд? Шояд шумо мехоҳед тоҷики бечора аз ҳамон картошкашӯрбояш ҳам монад?

Одамоне ҳастанд, ки ҳамагӣ 300-400 сомонӣ маош мегиранд ва 5-6 фарзанд доранд. Дар чунин оилаҳои калон ҳар моҳ на камтар аз 50 кг картошка сарф мешавад. Акнун ҳисоб кунед, ки барои харидани 50 кг картошка бо нархҳои дандоншикани имрӯза чӣ қадар маблағ лозим аст? Бале, 250-300 сомонӣ! Сарвари ин оилаи калон, агар 400 сомонӣ маош мегирифта бошад, ҳамагӣ 100 сомонии дигар дар кисааш боқӣ мемонаду халос. Бо ин пул ӯ чӣ кор кунад? Равған харад? Орд харад? Пиёзу сабзӣ харад? Қанду биринҷ харад? Пули обу барқро супорад? Ба фарзандонаш либосу китобу дафтар харад? Дорую дармон харад? Роҳпулӣ кунад? Худатон бигӯед, ин зан ё марди бечора бо 100 сомонӣ чӣ кор кунад??? Пушти дари Сафорати Русия дар Тоҷикистонро иҷора гирифта, зорию тавалло намояд, ки ӯро бо аҳли оилааш ба дурдасттарин деҳаи рус бошад ҳам, муҳоҷир намоянд? Ҳарчӣ бодо бод гуфта, аз ягон ҳамсояи доротараш пул қарз гирифта, ба Русия мардикорӣ равад? Ӯ чӣ кор кунад? Бигӯед, чӣ кор кунад? Вазирро фаҳмидан мумкин аст, аввалан вай бояд ҳамчун шахси масъул худро сафед кунад, баъдан аз баланд рафтани нархи картошка ба ӯ ва аҳли оилааш чандон зарар намерасад. Вазирон мисли мо одамони одӣ, картошкахӯрак нестанд. Вазирону кабирон гӯшти бедона, гӯшти кабк, гӯшти бузи кӯҳӣ, гӯшти оҳу, гӯшти моҳӣ, икраи сурху сиёҳ мехӯранд, мағзу мавиз, пистаю бодом мехӯранд, барои ҳамин нархи картошка 5 не, 50 сомонӣ шавад ҳам, миҷҷаашон хам намехӯрад, вале ба шумо, журналисти одӣ чӣ шудааст, ки аз болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал курта-курта гӯшт гирифта, бе доира мерақсед? Аз баҳри журналистика гузашта, ба тиҷорати картошка гузаштаниед ё гумон доред, ки бо сабаби баланд шудани нархи картошкаю пиёз маош баланд мешавад? Ин хобатонро рафта ба об гӯед! Маош баланд шавад ҳам, ҳамагӣ 10-15 % зиёд мешавад ва он мушкили мову шуморо ҳал карда наметавонад! Интизоред, ки бо баланд шудани нархи картошка иқтисодиёти кишварамон пеш меравад? Шумо аз ман хубтар медонед, ки танҳо бо маҳсулоти кишоварзӣ аробаи иқтисоди кишварро пештоз гардонидан имкон надорад. Иқтисодиётро танҳо саноат, хоса саноати вазнин, метавонад такон диҳад, пешрав созад.

Сари ин мавзӯъ гуфтаниҳои зиёде дорам ва метавонистам ба ҳар як сатри шумо эрод бигирам, вале бо ҳамин иктифо намуда, танҳо мегӯям:

Беҳтар мебуд, ки ба ҷойи «Аз баландравии нархи картошка хурсанд шудам» гуфтан, мисли мақолаи пурмуҳтавои соли гузашта дар ҳамин шабу рӯз дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» навиштаи Усмон Ниёзӣ маводи таҳлилие нависед, то масъулин сар ба ҷайби андеша кашида, ягон роҳи ҳалли нархи осмонии картошкаро ёбанд. Беҳуда нагуфтаанд: «Турфа шогирде, ки дар ҳайрат кунад устодро!» Офарин ба шогирдатон Усмон Ниёзӣ, соли гузашта бо «Сенёр помидор»-аш дуд аз димоғи масъулини соҳа бароварда, онҳоро ҳушёр кард ва ҳамин буд, ки имсол нархи помидор аз 2-3 сомонӣ боло нарафт!

Муҳтарам Аҳмадзода, солиёни дароз аст, ки ман шуморо ҳамчун беҳтарин инсон ва беҳтарин журналист мешиносам, вале бо ҳама эҳтироме, ки нисбати шахсияти шумо дорам, бо навиштаҳоятон дар «Арифметикаи одӣ» картошка қимат шуд, ман хурсанд» розӣ шуда наметавонам. Аниқтараш, мавқеи шуморо ҳамчун журналист ва ҳамчун сардабири яке аз машҳуртарин нашрияҳои кишвар дар ин масъала фаҳмида натавонистам. Ҳунарманди машҳури тоҷик Аловиддин Абдуллоев бо номи «Ҷӯраи хирс» як саҳначаи бисёр аҷиби ҳаҷвӣ дорад. Ду рафиқ баҳс мекунанд ва яке аз дигарӣ мепурсад, ки агар тасодуфан дар кӯҳ аз рӯ ба рӯяш хирс барояд, чӣ кор мекунад? Дӯсташ чанд роҳи аз хирс халос шуданро мегӯяд, вале рафиқӣ дуюм ҳамоно хирсро пуштибонӣ намуда, вариантҳои нав ба нави ҳамлаи ин дарандаро пеш мегузорад. Ин рафтори ҷӯрааш ба дили ӯ зада, бо ҳайрат мегӯяд: «Росташа гӯям, ман нафаҳмидам, ки ту ҷӯраи манӣ ё ҷӯраи хирс?». Ман ҳам шуморо нафаҳмидам, муҳтарам Аҳмадзода, шумо аз вазири кишоварзӣ пуштибонӣ мекунед ё аз манфиатҳои халқи бечора, ки намедонад бо ин нарху навои ба осмон даккахӯрда сарашро ба куҷо занад?

 

Фирӯза Сатторӣ,

сармуҳаррири

ҳафтаномаи «Оила»

Аз муҳаррир: Ҳарчанд ба гуфтаҳои ҳамкасби худ ҷавобҳои дақиқ ва раднопазир дорам,аммо танҳо бо як ҷумла иктифо мекунам: Ман ҷӯраи деҳқон. Ҳамон деҳқоне,ки аз сабаби беқадр шудани заҳматаш дар мулки ғарибӣ кӯчарӯбӣ мекунад. Бигзор ин баҳси моро дигарон довар шаванд ва ҳар навиштае,ки дар ин мавзӯъ ба нишонии редаксия ворид мегардад, новобаста аз мавқеи муаллиф, рӯи чоп хоҳад омад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *