Журналисте, ки зери мошин монд, аз вазъи тифли батнаш нигарон аст
Вазъи саломатии Фарзона Муродӣ, хабарнигори “Тоҷикистон” дар вилояти Суғд, ки дирӯз дар як садамаи нақлиётӣ ҷароҳат бардошта, ба шуъбаи эҳёи бемористон интиқол ёфта буд, муътадил арзёбӣ мешавад. Аммо худи Муродӣ аз вазъи тифли дар батнаш буда нигарон аст.
Фирдавс Турахонов, сардухтури беморхонаи марказии шаҳри Хуҷанд гуфт, ки ҳолати хабарнигори “Тоҷикистон” дар вилояти Суғд Фарзона Муродӣ баъди садама муътадил аст. Номбурда дар суҳбат бо “Pressa.tj” гуфт: “Аз сабаби он ки бемор ҳомиладор аст ва дар батнаш тифли 16 ҳафтаина дорад, ӯро ташхиси ренгенӣ кардан мумкин нест. Бинобар ин, мо кушиш карда истодаем, ки табобати беморро ҳаматарафа санҷида, дуруст ба роҳ монем”. Фирдав Турахонов қайд кард, ки назорати хабарнигори “Тоҷикистон” бевосита таҳти назорати худи ӯст.
Зимни суҳбати телефонӣ Фарзона Муродӣ гуфт, ки шабона ба ҳуш омада, худашро беҳтар ҳис мекунад. “Каме поям дард мекунад, дарди сар низ дорам. Вале ҳис мекунам, ки саломатиам хуб мешавад. Табибон ҳар лаҳза аз ҳолам хабар мегиранд”-гуфт номбурда.
Ёдрас мешавем, ки Фарзона Муродӣ, хабарнигори ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар вилояти Суғдро 31 март, соати тахминан 14 –и баъд аз зӯҳр, дар гузаргоҳи назди мактаби 15-и маҳаллаи Учоқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ноҳияро ба шаҳри Хуҷанд мепайвандад, зери чархи автомобил монд. Қаблан Фарзона Муродӣ дар мавриди хатарзо будани ин гузаргоҳ дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” матлаби танқидӣ ба нашр расонида буд.
Дар мавриди чӣ гуна сар задани садама, кӣ будани ронанда то ҳол маълумоти мушаххас дар даст нест. Бо дарёфти маълумоти тоза хонандагонро огоҳ хоҳем.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ