Журналисти “фальшивый” беш аз 8 сол ҳукм гирифт
Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов сармуҳаррири нашрияи маҳаллии “Ҳуқуқ” Ойбек Алиев, сармуҳаррири нашрияи хусусии “Ҳуқуқ” ва падари ӯ – Турсуналӣ Алиевро дар содири ҷиноятҳои “қаллобӣ” ва “тамаъҷӯӣ” гунаҳкор дониста, писарро ба мӯҳлати 8 солу 10 моҳ паси панҷараи маҳбас равон кард. Аммо бо вуҷуди дар силсилаҷиноятҳо даст доштани нафақахӯр, Турсуналии 70-сола додгоҳ ӯро ба додгоҳ нафиристода, 2 сол муҳлати санҷишӣ таъин кард.
Ба гуфти раиси суди ноҳия, Ваҳҳобзода Содиқҷон ин қарори додгоҳ рӯзи ҷумъаи 1 декабр эълон шуд ва ҷазои Турсуналӣ Алиев биноба солхӯрдагии ӯ мавқуф гузошт.
-Ойбек ба ман ҷиян мешавад, аммо аз дасти ӯ саломатиямро аз даст додам. Тамоми бегонаҳоро фиреб карда шуд, навбат ба амаки худаш расид ва ба хонаи истиқоматиям “чашм ало кард”-у рӯзамонба ба судбозию судтозӣ табдил дод-шикоят кард яке аз ҷабрдидагон Ҳусейнҷон Алиев.
Ин падару писар чи ҷиноятҳо кардаанд? Чанд сол боз ин “гургонҳои борондида” аз номи журналистон фаъолият доштанд? Аслан чи ихтисос доранд ва дар куҷо таҳсил кардаанд? То ин дам чанд нафарро фиреб карданд? Чанд маротиба “аз об хушк баромаданд”? ба ин ва дигар саволҳои худ дар шумораи навбати ҳафтаномаи “Тоҷикистон” посух гиред.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ