Журналисти машҳури ОРТ-ро тарконданд

Субҳи имрӯз, 20-уми июл дар маркази шаҳри Киев мошинеро, ки дар он журналисти рус Павел Шеремет қарор дошт, тарконданд.

Дар органҳои ҳифзи ҳуқуқ сабаби ҳодисаи рухдодаро дар таркиши бомбаи дар дохили автомобил насбшуда, маънидод намуданд. Нақлиёти мазкур моли сармуҳарири ҳафтаномаи «Украинская правда» Ален Притул будааст. Мушовири вазири корҳои дохилии Ураина Зорян Шкиряк иброз намудааст, ки се сабаби куштори журналист: фаъолияти касбӣ, муносибатҳои хусуматӣ бо нафарони номаълум ва «нақши дасти русиягӣ»  мавриди тафтиш қарор дорад.

Шеремет 28-уми ноябри 1971 дар шаҳри Минс ба дунё омадааст. Ӯ дар шабакаи ОРТ (шабакаи аввал), дар маҷалаи «Огонёк» дар РЕН ТВ, телевизиони ҷамъиятии Русия фаъолият намуда аст. 5 соли охир, Шеремет дар Украина умр ба сар бурда, рӯзноманигори «Украинская правда» буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *