Журналист аз рӯихати сиёҳ баромаду ба ТВ баргашт

Дар Ӯзбекистон ахиран 56 сокини ноҳияи Чилонзори шаҳри Тошканд, аз ҷумла рӯзноманигор Хайруллоҳ Ҳомидов аз «рӯйхати сиёҳ»-и мақомоти ҳифзи ҳуқуқ берун карда шуданд.

Ба гуфтаи Ҳомидов, акнун ӯ метавонад ба кори худ дар ТВ ҳамчун шореҳи варзиш идома диҳад.

Рӯзноманигори 42-сола ва шореҳи бозиҳои футбол Хайрулло Ҳомидов дар Ӯзбекистон бо шеърҳои мазҳабии худ маъруф аст. Ӯ дар суҳбат бо расонаи Kun.uz гуфтааст, «раҳбарияти ТВ акнун бе ягон тарс метавонад маро ба кор даъват кунад. Шореҳиро хеле пазмон шудаам».

Пештар хабар доданд, зидди Ҳомидов, ки тобистони соли 2015 аз зиндон озод шуд, бар пояи банди нав — 216 «Ташкили ғайриқонунии созмони ҷамъиятӣ ё динӣ”-и Кодекси ҷиноии Ӯзбекистон парванда боз шудааст. Худи ӯ гуфт, ҷузъиёти тафтишотро баъдтар шарҳ хоҳад дод.

Номи Ҳомидовро, ки 5 соли умри худро бо айби мазҳабӣ дар зиндон пушти сар кардааст, ба рӯйхати махсуси гумонбарони узвият дар созмонҳои мамнуи динӣ ворид карда буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *