Журналистон шабакаи «МегаФон»-ро мавриди санҷиши қатъӣ қарор медиҳанд

 29 ноябр журналистони ВАО-и пешбар ва блогерҳои маъруф дар ҷараёни бекоркунии вазъияти ғайриштатии шабакаи мобилӣ шахсан иштирок менамоянд. “Хатари омӯзишӣ”-и аз ҷониби “МегаФон” ташкилшуда имкон медиҳад, ки доир ба тарзу роҳҳои таъмини сифати баланди алоқаи оператор дар ҳудуди тамоми ҷумҳурӣ, бартарафсозии ҳама гуна садамаҳо ва сабабҳои ба амал омадани онҳо маълумоти бештар ва дуруст ба даст оварда шавад. 

 Фаъолияти таҷҳизоти алоқа ба як қатор омилҳои берунӣ вобастагӣ дорад. Масалан, истгоҳҳои базавӣ ҳангоми заминларза ё обхезиҳо, ки дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон зуд-зуд ба амал меоянд, хатҳои алоқаи нахӣ-нурӣ бошанд, дар натиҷаи амалҳои беэҳтиёти сохтмончиён ё кормандони роҳ эҳтимоли зарар диданро доранд. Пешбинӣ кардани чунин вазъиятҳо ғайриимкон аст, вале мутахассисони “МегаФон Тоҷикистон” дар назди худ вазифаи дақиқ доранд: таъмини шабонарӯзии муштариён бо алоқаи боэътимод ва дар сурати ба миён омадаи ягон вайронӣ – дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин бартараф намудани он.

Маркази идоракунии алоқа (МИА), ки тамоми инфрасохтори “МегаФон”-ро таҳти назорати худ қарор дорад, имкон медиҳад, ки саривақт доир ба тағйирот дар фаъолияти шабака огоҳӣ гирифта шуда, ҳангоми зарурат қобилияти кории он барқарор карда шавад. Журналистон ва блогерҳо метавонанд доир ба тарзи фаъолияти ин зерсохтори муҳимтарин шиносоӣ пайдо карда, вазъияти намунавии садамавиро таҳти раҳнамоии мутахассисони Марказ ва директор оид ба инфрасохтори ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Павел БЕЛЕСОВ бартараф намоянд.

«Роҳу воситаҳои гуногуни бартарафсоии фосилавии садамаҳо мавҷуд буда, ҳамаи онҳо ба хусусиятҳояшон вобаста мебошанд. Агар истгоҳи базавӣ дар вақти офати табиӣ аз кор барояд, трафик аз рӯйи сигнали МИА ба якчанд истгоҳ тақсим мешавад.ба кор андохта шуда, онҳо то лаҳзаи ивазкунии кабели корношоям трафикро таҳвил медиҳанд. Системаҳои назорати фосилавӣ ҳам қулай мебошанд, ҳам босамар: бо кӯмаки онҳо ба мо муяссар шуд, ки теъдоди садамаҳоро ба маротиб кам намоем, дар баробари ин, дар бисёри мавридҳо ба муҳандисони мо зарур намеояд, ки ба макони ҳодиса ҳозир шаванд”, — мегӯяд Павел БЕЛЕСОВ.  

“Аллакай дар марҳилаи бунёди шабака мо таҳкурсии устувор мегузорем. Таҷҳизот дар маконҳои баланде, ки хатари селфароӣ он ҷойҳо мавҷуд нест, насб карда мешаванд. Бисёри истгоҳҳои базавии дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳӣ насбшуда дорои якчанд манбаъҳои нерӯгирӣ мебошанд ва дар сурати қатъшавии шабакаҳои барқӣ бо қувваи генераторҳои дизелӣ ва батареяҳои офтобӣ фаъолият мекунанд. Таҷриба нишон медиҳад, ки шабакаи “МегаФон” ниҳоят эътимоднок аст. Ҳатто пас аз заминларзаи шаддид дар Бадахшони Кӯҳӣ он истгоҳҳои камшуморе, ки аз кор баромада буданд, дар давоми соатҳои баҳисоб фаъолияти худро барқарор намуданд. Трафики ба таври оперативӣ аз толори МИА гузаронидашудаба сокинон ва кормандони зарардидаи ВҲФ имкон дод, ки ҳамеша дар алоқа бимонанд. Алоқаи боэътимод дар вақти офатҳои табиӣ ҳам оромии наздикон, ҳам наҷоти ҳаёти бисёриҳоро таъмин мекунад. Мутмаинам, пас аз иштирок дар ҷараёни омӯзишӣ оид ба бекоркунии садамаҳо журналистон ӣа миқёс ва натиҷаҳои фаъолияти Марказ баҳои сазовор хоҳанд дод, — изҳор дошт директори иҷроияи Ширкат Анатолий ИЗЮМНИКОВ.

 

 Барои маълумоти иловагӣ

Фарҳод Аҳмадов

PR менеҷер. Раёсати минтақавӣ дар вилояти Хатлон.

(Департамент оид ба робита бо ҷомеа)

———————————————

ҶСП «ТТ мобайл» Тоҷикистон

ш. Қурғонтеппа, к.Ҷ. Румӣ  12 а.

моб. (+992) 90 2000 990

farkhod.akhmadov@megafon.tj

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *