Журналистро дар Душанбе мошин зада кушт
Ӯро як рӯз пеш дар нишасти матбуотӣ дида будам. Механдид ва гуфтору рафтораш пур аз зиндагӣ буд. Бо саволҳои зарурӣ ва ҷавобталаби рӯз ба масъулони нишастҳои матбуотӣ муроҷиат мекард.
Галим аллакай имрӯз дар байни мо нест ва дар синни 44 солагӣ зиндагиро иҷборан падруд гуфт. Галим Фасхутдинов, хабарнигори радиои «Спутник”, ки дар Тоҷикистон фаъолият дошт, дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар бемористон ба ҳуш наомада, ҷон бохт. Ӯро ҳангоми бозгашт аз ҷои кор, вақте ки роҳро дар чароғаки сабз мегузашт, як микроавтобуси мусофирбари суръаташ баланд зер кард.
Галим Фасхутдинов 14 ноябри соли 1973 ба дунё омада, риштаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда буд. Зану ду фарзанди ӯ дар Уляновски Русия зиндагӣ мекунанд.
Элмира, ҳамсари Галим Фасхутдинов ба «Спутник” гуфтааст, ки маросими дафни Галим дар Душанбе баргузор мешавад.
Галим ошиқи касби худ буд ва дар телевизиони «Мир”, радиоҳои «Голос России”, «Мавҷи Олмон” ва дар радиои «Спутник” кор кард. Ҳамкасбон хотираи неки ин ҳамкори худро фаромӯш намекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ