Журналистзанон  ҷоизаи Бӯриносоро мегиранд

8 сентябр, ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии журналистон дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба бонувони хабарнигор баргузор мешавад.

Муаллифи озмуни беҳтарин журналистони зан — Эътилофи бонувони журналист аст, ки ҷоизаи ба номи Бӯринисо Бердиева дар се бахш тақдим мекунад: ҷоизаҳо барои рушди журналистика, барои беҳтарин маводи чопӣ ё онлайнӣ, беҳтарин гузориши радиоӣ ё телевизионӣ тақдим хоҳанд шуд. Ҳар як барандаи озмун бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 2500 сомонӣ қадрдонӣ мешавад ва имсол ин маблағ бо кӯмаки Сафорати ИМА ба журналистон тақдим хоҳад шуд.Эътилофи бонувони журналист соли 2016 бо ҳадафи пуштибонӣ аз занони хабарнигор ва кормандони матбуот таъсис шудааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *