Зидди Албек Иброҳимов айби нав эълом шуд
Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Қирғизистон 23 июл зидди шаҳрдори пешини Бишкек Албек Иброҳимов бар пояи банди «Коррупсия» айби нав эълом кард.
Ин айб дар доираи санҷиши парвандаи ғайриқонунӣ ҷудо кардани қитъаҳои замин ба шахсони воқеиву ҳуқуқӣ эълом шудааст.
Иброҳимов гӯиё бо сӯистифода аз мақоми худ ҳамроҳи мансабдорони дигари шаҳрдории Бишкек дар робита ба заминҳои воқеъ дар ҷануби пойтахти Қирғизистон нақшаи ҷиноиро роҳандозӣ кардааст. Онҳо заминҳоро нахуст ба номи баъзе ашхос ҷудо карда, баъдан тавассути ин афрод ба шахсони дигар фурӯхтаанд.
КДАМ-и Қирғизистон Албек Иброҳимовро 19 июл боздошт кард. Ба огаҳии кумита, шаҳрдори пешин чандин бор барои бозпурсӣ даъват шуд, аммо ба ҳеч яке аз суолҳои мақомот посух надод. Баръакс таҳдид кардааст, ки дар сурати боздошташ муқобилати мусаллаҳона анҷом медиҳад.
Додгоҳи Якуми майи Бишкек ӯро то 29 августи соли равон ба ҳабс гирифт. КДАМ мегӯяд, як қатор парвандаҳои ҷиноиеро тафтиш дорад, ки дар ҷараёни санҷиши онҳо фаъолиятҳои ғайриқонунии шаҳрдори пешини Бишкек ошкор шудааст.
Иброҳимов аз 10 июл дар рухсатӣ буд. 13 июл вакилони шаҳрии Бишкек ба вай изҳори нобоварӣ карданд. Сарвазири Қирғизистон фармони барканории ӯро имзо намуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ