Зидди терроризм якҷоя мубориза мебарем

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Мир Раҳмон Раҳмонӣ, раиси Маҷлиси намояндагон — Вулуси Ҷиргаи Шӯрои миллии Афғонистон густариши ҳамкориро баррасӣ карданд.

Зимни мулоқоташ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон рӯзи 30 июн бо Мир Раҳмон Раҳмонӣ, раиси Вулуси Ҷиргаи Афғонистон дар Қасри миллат аз ҳамкориҳои амниятӣ ва мубориза бо гуруҳҳои террористӣ гуфтугӯ карданд. Бо иттилои котиботи раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки мардуми Тоҷикистон на танҳо аз назари ҷуғрофӣ, балки аз дидгоҳи муштаракоти арзишӣ низ ҳамеша дар паҳлӯи мардуми Афғонистон қарор доранд.

«Мо аз иқдоми ҳукумату мардуми кишвари дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанг ҷиҳати истиқрори сулҳу субот ва бозсозии иқтисоди мамлакат пуштибонӣ хоҳем кард», — таъкид кардааст Раҳмон.
Дафтари матуботи раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, вобаста ба идома ва авҷгири нооромиҳо дар Афғонистон, шиддат гирифтани вазъи сиёсиву низомӣ дар ин кишвари ҳамсоя, ки боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст, ҷонибҳо ҳамкории амалии ду кишварро дар арсаи амниятӣ зарур донистанд.

Таъкид гардид, ки барои мубориза бар зидди террористон ва гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткори қочоқи маводди мухаддир чораҳои муассир андешида шаванд, гузориш дод котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *