Зикиллобеков куҷо шуд?
Шаби 24 ба 25 ноябр Муслим Зикиллобеков, сокини 22-солаи маҳаллаи Бархоруғ, ки дар ҳолати мастӣ мошини сиёҳшиша ва берақами тамғааш ВАЗ-21012-ро дар кӯчаи Шоҳқирғизи шаҳри Хоруғ бо суръати баланд меронд, ба амри кормандони посгоҳ итоат накарда, талош кардааст, ки фирор кунад.
Зикиллобеков дар натиҷа мошини корманди милиса Замир Замировро зада, дар маҳаллаи Тирчид як кӯдаки 12-соларо низ пахш кардааст. Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, ҷустуҷӯи Муслим Зикиллобеков идома дорад.Маркази робитаҳои ҷамъиятии кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар як гузориши вижа тавассути телевизиони давлатӣ хабар дод, ки як сокини шаҳри Хоруғ мошини корманди БДА-ро зада, ҳангоми фирор як кӯдаки 12-соларо низ пахш кардаву фирор кардааст.Бино ба гузориши маркази матбуоти Ситоди байниидоравӣ, шаби 24 ба 25 ноябр Зикиллобеков Муслим Файзиллобекович, санаи таваллудаш 09.05.1996, сокини кӯчаи Иҷубов, 207-и маҳаллаи Бархоруғи шаҳри Хоруғ бо мошини ВАЗ-21012, ки сиёҳшиша ва бе рақам буд, дар ҳолати мастӣ дар кӯчаи Шоҳқирғизи шаҳри Хоруғ бо суръати баланд ҳаракат мекард.Дар гузориш гуфта мешавад, ки «Муслим Зикиллобеков бо суръати баланду бенизом ҳаракат карда, ба талаботи қонунии кормандони БДА итоат накард ва автомашинаи хусусии корманди ШВКД шаҳри Хоруғ капитан Замиров Хусрав Замировичро зада корношоям кард.”Зикиллобеков «ба ин нигоҳ накарда, суръати ҳаракати автомашинаро боз баландтар намуда, дар маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғ пиёдагарди ноболиғ Кимиёи Хурсанд, соли таваллудаш 2006, хонандаи синфи 5-уми мактаби президентии шаҳри Хоруғро зада, ба ӯ ҷароҳати вазнин ба саломатӣ расонд. Зикиллобеков ба ҷои онки ба ҷабрдида кумаки аввалияи тиббӣ расонад, баракс аз ҷои ҳодиса ба самти номаълум фирор кардааст.”Айни замон, ноболиғ Кимиёи Хурсанд дар бемористони вилоятӣ бистарӣ мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ