Зилзила Тоҷикистонро ларзонд

Субҳи рӯзи панҷшанбеи 8 август соати 5:46 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар Тоҷикистонро зилзила рух дод. Дар Душанбе замин ба муддати тақрибан 20-25 сония ларзид ва сокинони дигар маҳаллаҳои Тоҷикистон низ шиддати онро ҳис карданд.

Ба гуфтаи Маркази зилзилашиносии Амрико, маркази он минтақаи Фархори вилояти Тахор воқеъ дар шимоли Афғонистон мебошад. Қувваи зилзила дар маркази он 5,8 балл будааст. То ба ҳол дар мавриди хисороти ин заминҷунбӣ маълумоте ба даст нарасидааст.

Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Ҳамасола дар кишвар садҳо заминларза сабт шуда, дар натиҷаи он баъзе аз манзили сокинон вайрон мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *