Зилзилае Афғонистонро ларзонд
Дар манотиқи шимолу шарқи Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, заминларза рух дод.
Бино ба иттилои Хадамоти геофизикии Академияи Улуми Русия, заминларза бо иқтидори 5,8 дараҷаи Рихтер соати 6.11-и рӯзи 14 октябр дар 60 километрии шаҳри Файзобод, маркази вилояти Бадахшони Афғонистон ба амал омадааст.
Шаҳри Файзобод 90 километр дуртар аз сарҳади Тоҷикистон воқеъ гаштааст.
То ҳол дар мавриди талафоти инсонӣ ва хисороти иқтисодӣ иттилое нарасидааст.
Зимнан, 26 сентябр дар Индонезия заминларзаи сахте рух дода ва бар асари он 30 нафар ҷон бохта буданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ