Зимистон наздик, масъулон бепарво. Чаро?

Дар ҳоле, ки зимистон дар мекӯбад, ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон то санаи 11 октябри соли 2019 ба мавсими сармо андаке бештар аз 33 дарсади нақша омода асту бас.

Тибқи қарори вижаи Ҳукумати кишвар бояд соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт то 1 октябри соли ҷорӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 омода мешуданд. Вале омодагӣ ба  зимистон дар ин ноҳия 33,25 фисад иҷро гардидааст.

  Фирӯз Боев, сардори шӯъбаи хазинадории Раёсати молияи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гуфт, барои омодагӣ ба зимистон 409 ҳазору 525 сомонӣ маблағҳои буҷетӣ ба нақша гирифта шуда буд. То имрӯз беш аз 136 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.

Ҳамсуҳбати мо сабаби пурра маблағгузорӣ нашудани соҳаи маорифро аз сари вақт шартнома набастани масъулини шӯъбаи маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ бо ҷамъияти таъминкунандаи ангишт медонад. “Мо маблағро танҳо дар асоси шартнома пардохт карда метавонем. Дар сурате, ки масъулини маориф бо ҷамъиятҳои таъминкунандаи ангишт шартнома накарда бошад, пас чигуна маблағгузорӣ мешаванд?” — афзуд вай.

Ба хотири кушодани гиреҳи ин масъала ба Сафаралӣ Нуруллоев, мудири шӯъбаи маорифи ноҳия, муроҷиат кардем. Аммо, мутаассифона, ӯ аз суҳбат худдорӣ кард ва ин масъулиятро бар дӯши мушовири шуъба Суннатулло Ашӯров гузошт. Ашӯров низ бо баҳонаи ин, ки ба шуъба нав ба кор омадаасту маълумоти пурра надорад, аз шарҳи масъала худдорӣ кард.       

Танҳо дар суҳбати бидуни сабт чанде аз масъулин иддао карданд, ки ангишт барои муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ аз сабаби сари вақт сурат нагирифтани маблағгузорӣ аз ҷониби Раёсати молияи ноҳия харидорӣ нашуда истодааст.

То он вақте ки ниҳодҳои дахлдор ба қавле дар талоши забони якдигарро фаҳмидан ҳастанд, масъалаи гарм нигоҳ доштани муассисаҳои томактабию таълимии дорои ҷамъияти беш аз 40-ҳазорнафараи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро кӣ ҳал мекарда бошад? Ин суолест, ки аз мутасаддиён ҳам посух ва ҳам амали сареъ мехоҳад.

  Машраби Аловиддин, “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *