Зимни амалиёти «Корд» 22 кастет ва 12 дубинка мусодира шуд (аудио)
Аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дар натиҷаи баргузории амалиёти шартии «Корд» ҳафтаи ҷорӣ низ ду нафар паҳнкунандагони предметҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда муайяну дастгир карда шудаанд.
Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, зимни санҷиш дар бозори «Меҳргон» шаҳрванд Файзалиев Ҷурабек Азизуллоевич, соли таваллудаш 13.06.1980, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Зебуниссо дастгир гардидааст, ки номбурда дар баробари ашёҳои муҳими рӯзгор ҳамзамон ба таври ғайриқонунӣ кастет низ ба фурӯш гузоштааст. Зимни азназаргузаронии фурӯшгоҳи мазкур аз номбурда 22 адад кастет дарёфту мусодира карда шудааст.
Нисбати номбурда тибқи талаботи моддаи 492 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо мақсади чораҷӯӣ ба Суди ноҳияи И. Сомонӣ ирсор карда шудааст.
Инчунин, ҳангоми санҷиш дар бозори «Ганҷина» шаҳрванд Олимов Фарҳод Ҷамшедович, соли таваллудаш 14.12.1990, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Сари Осиё, ки ба фурӯши ғайриқонунии «дубинка»-ҳои оҳанин машғул будааст, дастгир карда шудааст. Аз номбурда 12 адад «дубинка» ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шудааст.
Нисбати номбурда низ тибқи талаботи моддаи 492 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати чораандешӣ ба Суди ноҳияи Фирдасӣ ирсол гардидааст.
Ҳамзамон, аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Орзуи Абдулҳамид, соли таваллудаш 8.01.1997, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Р. Амакӣ дастгир карда шудааст, ки бо худ корд мегардонидааст.
Нисбати номбурда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси қарори суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз татбиқ карда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ